Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Устои Ланг бо устураи ҳиндии аз замони Доқёнус монда тарошад сари ўро. Чун тафсида ва оташ гирифта каллапўш бардорад, ришаш ба халтаи йеми сари асп монанд шавад: чашмони сурхгаштааш ба чашми марди хуни ноҳақ. Маҳз баъди овардани лошаи маслух ва таънаю маломати бегонагон ва «Нахурӣ, мурӣ» гуфта таҳдид карданаш, пилки чашмонаш чаппа гашта, гўшти хунолуд шудаанд. Чинӣ пиндорад, ки ў девона гаштааст: гапро зиёд накунад. Аммо Худойқул гоҳ дурудароз орому хомўш гардад ва оне чизеро баҳона оварда шўрад: «Каллаи ҳаматро канда пеши он сагҳо партоям! Ман аз онҳо қарздор!» Ва хурду бузург сар хам карда мисли чўҷаҳои тарсу пароканда шаванд.
Чашмҳои зиёд ба забонаи оташ дўхта ва гўшҳо ба чарс-чарси он банд буданд. Ҳамин вақт Норҷон даромад. Ў, ки аз паси Чинӣ халтаю асо гирифта рафта буд, баъд аз торик шудан баргашт.
Норҷон аз дар дохил шуда дар торикӣ чизеро надид. Гавҳар ўро дида, нозгунҷона гирист. Норҷон ҳайрон монда, халтаи китф дами дар монд ва омада назди духтарак зону зад. Ўро ҳолпурсӣ накарда, хам шуда бўсаҳо гирифт, баъд ба худ омада, оби чашм пок карда, пурсид:
— Касал шудӣ?
— Не.
— Чӣ шуд?
— Баччаҳо заданд.
— Кадом баччаҳо?
— Баччаҳои боғ.
Норҷон дигар аз ў чизе напурсид. Барқвор ба сараш зад: «барои ман шуда, аз ҷўгиён қасос мегиранд… Балки онҳо чизеро надонанд:
надонад, ки ман ҷўгӣ нестам, гирдбоди бало маро ба халтаи кампири Чинӣ андохт… Инро донанд ҳам, сабаб шуда натавонад. Онҳо беадабанд, бефаросотанд, шохношикаста... Пиндоранд, ки одам танҳо онҳоянд, қавму қабилаҳои дигар ҳайвон… Худоё Худовандо!
Чаро ризқи ҷўгиро ба рўи ризқи тоифаҳои дигар пошидӣ?! Ба ин хоболудҳо насибаашонро деҳ буд!» Гўё эътироз кард Норҷон ҳоли Гавҳарро дида ва қисмати хеш фаромўш карда. Ба сар фикре омад, то қабилаи ҷўгиёнро тарк гўяду равад. «Вале ба куҷо?»
— Иқа дер кардӣ, Норҷон?– якбора ба гап даромад Чинӣ.
— То саргаҳи деҳа рафтам, хола, фурўрафти офтобро ҳам нафаҳмида мондам. То омадам, ки торик шуд, – гуфт Норҷон. Вале сиррашро пинҳон дошт: ба хонаи шиносе даромада хуб гап зад, ҳатто аз авлоди Искандариҳо ягон кас мондааст ё не, ҳамаашро майда-майда пурсид. Вале ин чизро ба Чинӣ нагуфт.

  1. Теғ, поку низ гўянд.
пешина
аз 429
навбатӣ