Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Деҳаи бафайз, – ба халтаи дами дар нигариста гуфт Чинӣ.
— Ҳа-а,– ҳоло ҳам аз банди хаёл раҳо нашуда, бо овози гирифта ҷавоб гардод, Норҷон.
Духтарак сарашро бардошт, вале аз шиддати дард «уҳ» гўён бозмонд ва дардро зери дандон фурў нишонда, сўи модар нигарист.
Модар ҳамчу боли уқоб дастонашро ба ду тараф кушода сари духтарро оғўш кард. Норҷон низ кўшиш мекард, ки баробари модари ў сари духтарро дорад.
Модар ба танг омада буд. Ў чӣ кор карданро намедонист. Дар дил ҳамаро дашном дод, ҳақорат кард, тамоми ҷўгиёни оламро нафрат хонд ва бебунёдии онҳоро мазаммат кард. Аз дидагонаш ашк таровид. Ў аламу ҳасратҳое, ки дар гулўяш бозмонда буданд, зўр зад, то фурў барад, вале аз он халос хўрда натавонист. Хост бо як сухан дили пуршудаашро холӣ кунад: «Дарбадарӣ ҳам ба дилам зад».
Духтар каме сарашро аз оғўши модар дур кашида, нарм-нарм садо баровард:
— Оча, очаҷон...
— Ҷони оча?
— Дигар ман дар ба дар намегардам.
— Хайр, сиҳат шав, садқат бишам, ҳеҷ кор накунӣ ҳам, майлат.
— Не, намеравам, ман аз сагҳо тарсам. Баччаҳо зананд, оча.
— Ором шав, дарди сарат мемонад. Ҳар қадар лозим бошад, ман ба ҷои ту меравам, – ўро ором карданӣ шуд Норҷон.
— Ин айби шумоён, оча! – ба гапи Норҷон эътиборе надода боз гуфт духтар, – Шумо ҳам очаю отаи онҳо барин мебудед, ман ин хел азоб намекашидам. Онҳо ҳақорат намекарданд.
— Чӣ кор кунам, духтарам? Тақдирамон ҳамин будааст.
— Нафасата гир! Ҷинқарча, аллакай забонат як қулоч! – ба дарди духтар эътиборе надода, пўписа кард Худойқул.
— Отаҷон, ҷанг накунед, ман мемурам. Дигар дар ба дар намегардам. Апаам рафт, ман ҳам... Ин нағз, оча, ин нағз. Баччаҳо намезананд. Гапи ганда намегўянд, оча. Оча?!
— Ҷони оча! Садқат бишам, чӣ мегўӣ?
— Қабристони мо дар куҷо, оча!
— Чиҳо мегўӣ, духтарам!
— Гўед, оча, дар куҷост?
— Мо қабристон надорем. Ҳар ҷое, ки чашм пўшем, хокҷо ҳамон ҷо, – гуфта модар ба хаёл рафт.
Мардҳое, ки гирди гулхан нишаста, ҳалқаю даспона, ангуштарию овеза тайёр мекарданд, бо ҳайрат ба духтар чашм дўхта, гумон бурданд, ки ў олоӣ гўяд. Гўё бар гулўи шаб қувваи зўре панҷа зада буғӣ карда бошад, нафасаш гашта, аз гўшае садое барнаояд. Забонаи гулхан оҳиста-оҳиста паст шуд. Шамоли хунуки пурдаҳшат дар дашту саҳро чу гурги гурусна уллос мекашид ва оромии шабро халалдор мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё