Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ба нолаи гургона пичирроси ҳузнангези модар ҳамроҳ шуд: «Бобоят дар Боғи Зоғон қазо кардааст. Вақте ки мурдаашро ба қабристон мебурдаанд, одамони амир пеши роҳро гирифта: «Баред, дар ягон гўша дафн кунед!»
гуфтаанд. Дар қабристони мусулмонон будани мурдаи ҷўгӣ ҷоиз нест» гуфтаанд... Бобот бекафан буд, бемадфан ҳам шуд. Ўро дар ҷарие ҷо карда, аз болояш хок кашидаанд».
Занак дигар чизе гуфта натавонист. Ў гўё дунёи кўҳнаро дар гирди гулхан овард ва таърихи гузаштаашонро такрор кард. На аз қазо, балки аз ботин як ҳиссиёте бардораш дод, мисли бузи аз об баромада ларзид. Гўё аз мадор рафта бошад, беихтиёр сар ба зонуи духтараш гузошта, «Ана ҳамин, духтарам» гуфт...
Ҳама дамзанон кардагӣ барин хомўш буданд. Норҷон ҳамвора фикр мекарду фикр. Ин суханон ва дарду аламро чунон ба худ гирифт, ки сабабгораш ў бошад.
Духтарак чашм пўшида буд, вале аз пеши назараш даҳшатҳо мегузашт. Қариб-қариби саҳар хобаш бурд, байни кўрпаи ўбада манаҳашро бар болиши чиркин гузошта, дар зери хаёлу даҳшатҳо ба ғанаб рафт...
Гулхан хомўш шуда, танҳо хокистари он бокӣ монда буд. Бод хокистарро чанг-чанг мепарронд... Мардҳо аз нав гулхан афрўхта, гирди он давра нишаста, ба кор шуғл карданд. Яке ангуштарӣ месохт, дигаре аз симҳои борик ва марҷонҳои хурди ранга ҳалқа тайёр мекард. Фақат як мард бекор ва бомулоҳиза менншаст. Ў коқинаи найгўш, сиёҳи фурўчашм буд. Гоҳ-гоҳ кафи дастонашро ба оташ дошта гарм мекард ва ба ҳам соида боз ба фикр мерафт.
Ва ҳар гоҳ абрў дар ҳам кашида чашмонашро танг мекард. Ин марди қадоқгар интизори чойнику пиёла ва косаю табақҳои шикаста буд...
4
Пас аз чанд рўз ба ин тоифа як дастаи дигар ҳамроҳ шуд. Онҳо дар боғхонаи боғдармиён манзил гирифтанд. Дар байни онҳо як баччаи чашмтези мўйсиёҳ, ки дар паси каллааш кокуле дошт, ба назар бештар ва тезтар мерасид. Ў ниҳоят шўх ва гапнодаро буд. Аз духтарчаи тоифаи аввал чанд сол зиёд дошт. Қаду басти расояш ўро ҷавони бебоке нишон медод. Рўзҳои аввал ҳамроҳи модар ва занони дигар ба гардиш ҳавас дошта бошад ҳам, оҳиста-оҳиста гардан кашид. Гурехта назди духтар меомад, гўё ба аёдат меомад. Духтар нағз шуд, вале аз садақаталабӣ сар кашид:
бо Саидқул гаштан ва хоначаю зочабозиро авло донист. Гоҳ-гоҳ ба кокули писар ва рўйҳои ношустааш нигоҳ карда худро дур кашиданӣ мешуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё