Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў дид, ки палакҳои каду пажмурида, барги себу шафтолуҳо низ пармуч гаштаанд, беруни дарвоза баромада каме ба ҳавлӣ об гардонд ва бо он машғул шуда, ба ҷўякҳо ва бехи ҳар ниҳол об баст. Ў ҳеҷ гоҳ ба чунин аҳвол дучор наомада буд. «Не, аз ин зиёдтараш буд, – худ ба худ гуфт ў, – зиёдтараш буд, мудҳиштараш буд, вале то ҳол ба касе нагуфтаам. Маро намешиносанд, вагарна ҳамаро худашон ба ман ҳикоят мекарданд. Ман ба касе намегўям...
Ун аҳвол танҳо ба сари ман наафтида буд. Агар ба чунин рўзи бад намеафтидам, он рўзро ёд ҳам намекардам... Беҳтараш, ки ман он солҳои номардӣ мемурдам... Қатори модарам, ҳамроҳи хоҳарам, инаш беҳтар буд. Вале Худо ҷони маро нагирифт. Ў ба ман азоби зиёдеро раво дидан хостааст, барои ҳамин маро нигаҳ дошт... Ман набояд ба ин шукр кунам... Дар як замоне, ки мардум нонро ҷои мондан намеёбанд ва ҷўгиҳо аз дарбадар гаштану садақа пурсидан ор мекунанд, фалак маро ба чунин ҳол андохт...»
Занак аз чизе хавф бурда, аз хаёл бозмонд ва ба сўи дарвоза нигарист. Гўё гўшҳояш ҳам баробари чашмонаш ба дарвоза нигаристанд. Хеле нигарист. Касе набуд. Баъд ба танўрхонаи пушти девори мўйсафед чашм дўхт. Шояд ҳамсояҳо аз он ҷо ҳамдигарро бисёр ҷеғ зананд, ки сари девор хўрда шуда ба сони ними корсони шикаста тобад. Занак то зери девор рафт. Ў бемақсад рафта буд, каме гўш андохт, то аз он сў чӣ овозе ояд. Пас аз муддатҳо гўш андохтан ба хулосае омад, ки он ҳавлӣ аз ҳавлии ў хомўштар ва бекастар аст, ба ҳоли мардак раҳм карда боз омада рўи кўрпача нишаст: «Ин чӣ мардест, ки напурсидаю надониста калидро ба ман дод ва нагуфт, ки ин ҷўгизан фиребаш дода, чизу чораи хонаро рўфта мебарад... Ҳааа… Барои ў фарқе надорад: нону ошаш хўрдагӣ, маълум, ки дилкашолие ҳам намондааст. Ғами касеро намехўрад, ки пас аз сараш ҳолаш чӣ шавад. Сар гираду «ё ҳу»
гуфта равад. Равандаро чӣ парвои бошанда... Ман чӣ? Ман ба кӣ лозим? Ман барои кӣ ҷон коҳонам? Не, ман ба ин мўйсафед монанд нестам. Ҳарчанд аслу насабамро гум кардаам, боз дилкашолие дорам. Чархи фалак маро ба ин аҳвол андохт... Чархи фалак...»
Ў дарк кард, ки чунин дер нишаста натавонад, зеро асбоби рўзгузаронӣ надорад. Ба ғам афтод. Ў роҳҳои ҷўгигӣ карданро ҳам чену бур кард: ба дилаш нанишаст, ки аз нияташ даст кашид.
Бо сад фикру хаёл нишаста буд, ки аз дарвоза пирамард даромада, овоз дод: «Ягон кас ҳаст?»
— Биёед, бобо!
— Ман ба овулиён таъин кардам, ки Самандар биёяд.
— Кадом Самандар?
— Самандари Искандари Таги Ғор, соҳиби ҳавлӣ, – гуфта мўйсафед ба занак нигарист. Занак парешон намуд, вале баробари даромаданаш баҳри дили пиракӣ кушод. Зеро ў дербоз ҳавлиро чунин ороста доштани занро надида буд. Ва махсусан, вақте ки аз дасти ин занак аз нав рўҳ гирифтани палаку ниҳолҳоро дид, дар боғи дилаш чаман гул кард.

пешина
аз 429
навбатӣ