Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ў чашмони камнурашро ба занак дўхта чӣ гапҳо ва чӣ орзуҳоеро аз дил гузаронд. Занак аз нигоҳи маъсум ва илтиҷоомези ў нияташро пай бурд ва барои гапро дигар кардан чунин баҳона пеш овард:
— Бобо, асбобе надорам, ки бароятон чой монам.
— Ин кори мушкил не, ҳама чиз дар ман ҳаст, вале каси чой мемондагӣ нест... А-а, ман ҳозир...
— Не, бобо! Лозим нест! Ман ҳамту...
— Ҳозир-ҳозир, – гўён пирамард аз дар баромад.
Занак ба шонаи рости ў, ки аз зарби асо дошта гаштан кўз шуда буд, зеҳн монда, аз гапи задааш пушаймон шуд. Ў ҳанўз аз банди пушаймонӣ ва андеша халос нашуда, аз сари девори паҳлўи танўрхона садои мўйсафед баромад:
— Шумо канӣ?
— Лаббай!
— Инҳоро гиред-чӣ, – чойҷўш ва чойникро аз сари девор дароз карда гуфт пирамард.
— Лозим не, бобо, ман барои шумо шуда гуфтам...
— Шумо барои ман шуда гуфта бошед, ман барои шумо шуда мебарам. Канӣ, ёрдам тед, канӣ.
Занак мисли ҷўгиён саркаш ва якрав нест, хеле ҳазин ва раҳмдил тобад. Фикр кард, ки як пири барҷомондаю бемадор сухани ўро рад накарда, ҳамроҳаш омад, ба ў калид дод, ҳавлию хонаро ба ихтиёраш супурд, чаро сухани ўро рад кунад. Маълум, ки мардак аз барои ў заҳмат кашад. Занак таки девор рафта, дароз шуда аз дасти ў асбобҳоро гирифт ва баргашта лаби марза гузошт. Баъд интизор шуд, ки пирамард аз сари девор барояш боз ягон чиз гўяд.
Вале ин тавр нашуд. Мўйсафед хеле ҳаял кард, баъд аз дарвоза даромада омад. Дар даст як калла нони бўлка дошт. Ў як пора суфро рўи марза партофт ва нонро рўи он гузошта, гўё ки ба худ мегуфта бошад, паст-паст ба гап даромад:
— Рўзам ба ҳамин мондагӣ. Ба рўш мурам, ҳамааш ҳам нон, вале ба каси одат накарда азоб будааст.
— Ҳозир дар ҳама ҷо аҳвол ҳамин, бобо, мардум вақти нонпазӣ надоранд...
— Ҳа-а... – оҳ кашид пирамард ва аз кисаи куртааш чой, гўгирд ва чанд пора қанди сафед бароварда, илова кард: – Он қадар ҳам не, ҳар рўз аз ҳавлии ҳамсояҳо бўи нону дами гарм мебарояд...
Оби даҳони кас меравад. Дар ҳамин лаҳзаҳо, ки аз дасти худат коре намеояд, кас орзу мекунад, ки ягон ҳамдард, ҳамроз дошта бошад... Лекин чӣ шуд, ки ту ин ҷо омадӣ?
— Хамту...
— Не, бояд ягон гап бошад... Ин ҷо мемонӣ, ё боз меравӣ?
— Намедонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё