Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Аввал аз раис хабар гирад ё рост ба саҳро равад? Каллаи худ гаранг кунад. Наёрад, то масъалаеро ҳал кунад.
Ин хел набуд, ҳатто масъалаи зиндагию рўзгорро худ ҳал мекард, худ ғами хонаю дарро мехўрд, вале ин кори дигар: табиат, ки ба сараш ин қадар мусибат овардаст, бемаслиҳат ягон кор ҳал карда нашавад. Дар ин масъала гап гапи раис, балки раис ҳам ии чизро ҳалу фасл карда натавонад…
— Як пиёла чой намегирӣ, Қумрӣ? – азми сафар кардани ўро дида гуфт Садафмоҳ, ки баробараш шабзиндадор буд ва ғаму андўҳи духтарашро бо ҳам медид.
— Баъд! – ҷавоб дод Қумрӣ ва аз дарвоза баромад.
Ў гумон дошт, ки чойи дамкардаи модараш хунук нашуда баргардад, аммо ин хел нашуд. Ба идораи раис надаромада ҳама гапро фаҳмид: аз ҷиготи варамидаи мардум, аз ваҷоҳат ва авзоашон маълум буд, ки имшаб мижа таҳ накардаанд. Табиат ҳамаро ранҷонидааст. Қумрӣ ба идораи раис даромад, саломашро раис ба ишораи сар алейк гирифт. «Духтари командир» нагуфташ, хафагиаш маълум. Сонӣ ягон гап дошт, ки ба вай бардавом нигарист.
Қумрӣ сар хам кард: «итоат». Ин маъниро ҷуз раису Қумрӣ касе нафаҳмад. «Ҳама умед ба ту, ба бригадаи ҳозиркорат» маънии нигоҳи раисро чунин фаҳмида буд Қумрӣ...
...Офтоб баромад. Ҳама дар саҳро шуданд. Замини нарм оби борони арасотро фурў кашида буд. Ҷўякҳо ҳамвор шуда буданд.
Ҷо-ҷо лойоба монда боқӣ ҳама ҷо гўё ба дасти гилкори моҳир «исмоилдавонак» шуда буд. Ягон тора ва барги сабзе аз дубаргаҳо наметофт.
«Офат!» саҳар боз як калима гап зад раис. Ў солҳои зиёд кор карда ин хел офатро надида буд. То аз району вилояту республика намоянда омада «офат»- ро надид, акту тасдиқ накард, асару зиёни «офат» аз сари онҳо бардошта нашуд, ба кор даст назаданд. Жола дарахтонро низ баргрез карда буд.
Роҳи ноҳамвори миёндаштӣ низ монанди замини кишт дар пастиҳо об ҷамъ карда буд. Раису парторгу Қумрӣ ва дигар роҳбарони колхоз азми бозгашт карда, бар-бари роҳ мерафтанд, аз пас мошини боркаше омад. Онҳо гумон карданд, ки худӣ ва чун наздик ояд, боздорад, аммо мошин баробари ба онҳо наздик шудан чунон суръат гирифт, ки лойобаи роҳ қади дарахт боло шуда ба саропои онҳо рехт. «Беадаб!» аз паси мошин нигоҳ карда гуфт раис. Қумрӣ низ ба мошину рақами он нигоҳ карда шинохт ва аз раис шарм дошта сар хам кард. «Ҳама одам шуданд, вале ин харкалла одам нашуд» ба лойобаи либосаш нигоҳ карда гуфт, раис.
Қумрӣ замин накафид, ки дарояд. «Кӣ будани ўро худатон медонед, раис» гуфтанӣ шуд, вале забонаш нагашт; аз ҷониби ронанда низ шарм дошт. Дигарон дили раисро бардорем, гуфта сухани раисро хуб тақвият доданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор