Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Умматқул, бибӣ куҷо меравад?!
— Чӣ кор дорӣ, мон равад!
Тоифа хайма бизад.
Ҳама дар сояи дўлона гирд омаданд. Марди қадоқгар ба Умматқул рўй овард:
— Хайр, баъд чӣ?
Умматқул ба ў ало нигоҳ кард, вале чизе нагуфт, чашми ҳама ба ў дўхта шуданд, гўё ҳама саволи қадоқгарро такрор мекарданд:
«Хайр, баъд чӣ?»
Умматқул ду-се қадам аз онҳо дур шуд ва хоҳараш Гавҳарро чеғ зад. Гавҳар назди ў омад. Умматқул фурсати зиёд хомўш истод ва ба ў рўй гардонда гуфт:
— Ту ҳам меравӣ?
— Куҷо?
— Аз паси очат.
— Очаам магар ризқҷўӣ нарафт?
— Не. Аз паи шўяш.
Гавҳар ҳайрон монд ва ба нохуни расидаи панҷаҳояш нигарист. Аз сари хам шармаш омада ба бародар чашм дўхт. Ў лаб мегазид.
— Хафа нашав, баргашта меоянд,– бародарро дилдорӣ кард.
Умматқул ба ў зеҳн намонда сарашро сила кард, пас «Рав»
гуфт ва ба абрҳои қирмизии дами ғуруби офтоб рўй овард. Ба назараш аз зери ҳамон абрҳо «Волга»-и раис намоён шуд. Хандида ба хоҳар рў овард. Гавҳар рафта буд. Умматқул оҳиста сурфид ва гўё ба пешвози раис чанд қадам зад.
Раис ин дафъа ба ваъда вафо кард. Назди Умматқул мошинро дошта фаромад:
— Хўш, ҳамин ҷо маъқул?
— Ҳа.
Раис чанд қадам зада ба сояи дўлона рафт ва фикре ба сараш наомад, ки маслиҳат диҳад.
— Акнун чӣ кор кунем? – риштаи хаёли ўро бурида пурсид Умматқул.
— Акнун хона месозед. Кор мекунед. Ин замини нав ба ихтиёри шумо.
— Чӣ хел хона месозем? Ҳеҷ чиз нест. На чўб, на тахта.
— Ёфт мешавад, лўлӣ Нуриддин дару тиреза месозад...
Харҳо қатор мераванд. Гўё ҷўгиҳо аз нав рахти сафар бастаанд.
Ҳамчу ресмони турнаҳо гардан ёзонда мераванд. Ғалоғулаи занон ва кўдакон омад-омади турнаҳоро монад ва ё як тоифаи хонавайронро. Занҳо халтаҳо бар китф ва кўдакон бар дўш мераванд. Ду тарафи роҳ чанористон: навниҳолон аз насими форам танашон нарм гашта, алвонҷ мехўранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё