Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гули қоқу ҳамчу офтобпараст сўи офтоб менигарад. Бўи сабзаву хок меояд. Чанд рўз борон наборида, лаби роҳҳо парсин бастааст.
Тоифа назди идораи колхоз қарор гирифт ва Умматқул аз ҷавони мўйлабдоре идораи раисро пурсид.
— Ҳў ҳамон дари сабз, – бо даст ишора кард ҷавон.
— Бошанд? – пурсид Умматқул.
— Намедонам.
Умматқул рафта дари сабзро кушод ва сар халонду пўшида баргашт. «Боз фиреб дод» аз дил гузаронд ў ва чанд ҳавлӣ поёнтар рафт. Ба анбор даромад.
— Салом, завхоз-ака!
— Салом, Умматқул! Ин тарафҳо?
— Ба гандум омадем.
— Анбори колхоз садақа надорад, – шўхиомез гуфт ў, вале ранги Умматқул дигаргун шуд.
— Садақа не, ёрӣ.
— Чӣ хел ёрӣ?
— Раис нагуфтанд?
— Не.
Умматқул «ҷўгигӣ» накарда хомўш аз назди ў баромад ва боз идораи раис рафт. Раис нест. Дари дигарро кушод. Ҷавони гарданбаёзи абрўсиёҳ манаҳ ба дастонаш гузошта пинак мерафт.
Баробари кушода шудани дар як қад парид ва ба Умматқул ало нигоҳ кард.
— Салом, ака!
— Салом. Ҳа?
— Раис куҷо бошанд?
— Район рафтанд.
— Моро биёед гуфта буданд.
— Барои чӣ?
— Гандум ёрӣ медиҳем, гуфта буданд.
— Гандум? Чӣ хел ёрӣ? Садақа?
Умматқул хомўш назди тоифа омад. Марди қадоқгар кўтоҳакак савол кард: «Хайр?»
Чунин савол ба асаби Умматқул сахт расид, бад-бад нигоҳ кард, хост чизе бигўяд, вале рўй ба ғубори рўи рўдбор гардонд.
Садои «Волга»-и раис, ки чанги роҳро бароварда ба назди тоифа бозистод, хаёли ўро пароканд. Умматқул ба сўи мошин қатъӣ қадам ниҳод, вале баробари модарашро дар мошин дидан суст шуд.
Раис хандон сўяш омад. Вале чеҳраи Умматқул накушод, ки ўро фиреб кардааст.
— Умматқул, кампирро ҳам ёфта омадам...

пешина
аз 429
навбатӣ