Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ин хел не, оча, ба ман те, – дарави модарро дида гуфт Гавҳар.
— Намурдӣ, акнун ту ба ман ёд медиҳӣ!
— Не, оча, ана бин, ба мо ҳам ёд доданд. Норҷон ёд дод… Ба Умматқул нигоҳ кун!
Пиразан ба сўи писар нигарист. Умматқул шутурхору талха ва ё хори испаноғ нагуфта монанди мардони девкор даста рўи даста мехобонд. Баъд оҳиста миёни ба дард омадаашро рост кард.
Лаҳзае ба дарави модар нигарист, баъд гуфт:
— Оча, як чойник чой меовардӣ, хубтар буд.
Кампири Чинӣ гўё гапи писарро нашунид. Хўшаҳоро кан-кан мекард ва агар хору буттаҳо оянд, як тор-як тор мечид. Баъзеҳо гумон карданд, ки пиразан аз писар хафа, аз ин рў ҷавоб нагардонд. Аз гармо баданаш нарм гашт, арақ кард, баъд мадораш суст шуд. Досро ба духтараш дод. Садои канда-кандаи досҳо меомад. Пояҳо хиш-хиш мекарданд ва баробари дос кашидан ғарчӣ садо мебароварданд: мисли сарбози тирхўрда аз по афтида, садои хайрбодашон меомад. Ў ба сари вот баромад ва бинишаст.
Акнун ҳамаро дурусттар аз назар мегузаронд: аз ду канор занҳои Маҳмараҷаб ҳамдигарро дашном медодагӣ барин ҳар боре, ки қомат рост карда, қабзаро рўи бандина гузоранд, лаб ҷунбонанд.
Пайкари наҳифи Талъат дар паҳлўи Умматқул зуд-зуд хаму рост мешавад. Як қадам паҳлўтар модари ў ба назар сақичи гандумӣ мехояд ва ё аз ғазаб дандон соида касеро дашном медиҳад. Норҷон ба шавҳар дилсўзӣ карда пеши тобаи ў дос меандозад ва зуд-зуд қабза мехобонад. Вале Адҳам ба ҷои дарав лаҳза ба лаҳза арақи ҷабин бо каф ва пушти даст пок мекунад. Аз ҳама аҷибаш усто Нуриддин дар байни абрўвонаш гиреҳ андар гиреҳ дорад, ки кадом нохалаф ва ба қавли ў «наҳс» онҳоро ба ин аҳвол андохтааст.
Мўйсафедро маҷоли мубориза нест ва мисли Худойқул заҳраи танҳо рафтан ҳам надорад. Шояд барои ҳамин ин қадар абрў чин карда бардавом хомўш монда, гўш ба садои дилбазани зиллаҳо диҳад. Ҳарчанд ки пеш аз ин ҳам барояш оромӣ набуд: табақу белу гаҳвораву чошу ғалбер месохт, аз ташвиши нав хеле азоб дорад.
Ў як бор бинӣ кашид, гўё қатраи арақи ба нўги бинӣ омадаро бо димоғ фурў бурданӣ буд.


Усто Нуриддин аз пасандози пули табақ, гаҳвора, чумча, белу
шоха ва ҳама чизҳое, ки сохта, мефурўхт, як дарахти чормағзи боғи
Фотимаи бевазанро харид. Ба ў чўби хушк лозим мешавад, вале
дар тобистон дарахтро набурид, то мевааш ғўрамарг нашавад. Ин
корро ў баъд аз моҳи мизон ба ҷо овард. Ба буридан дарахтро
бурид, вале шоху банди онро куҷо бурданашро надонист. Дар миёнаи боғ паҳлўи кунда сарчин карда, сўи Дўлона рафт.

пешина
аз 429
навбатӣ