Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва бегоҳ хазинадори колхоз як мошин тахта оварда назди хаймаҳо холӣ кард ва ба Нуриддин гуфт, ки дару тиреза созад. Нуриддин чанд рўз ба тахтаҳо даст нарасонд, вале ба ў оварданд, ки ин кори таъҷилӣ аст. Баъд ў арраву теша ва пармаву искана гирифта дар сояи дўлона ба кор шурўъ кард. Дар сохт, тиреза сохт. Омада бурданд, вале музди кораш ба ў пул не, рўзи меҳнат доданд.
Дар ин муддат дигарон шолӣ дарав карданд, зани калонии Маҳмараҷаб Онакалон боз як бор вақти шолидуздиаш ба даст афтид ва аз тоифа қаҳрӣ шуда рафт. Умматқул ўро боздошта овард, вале шабонгаҳ чунон зим зад, ки касе шарфаи пояшро ҳам нашунид. Ба қавле, худро гунаҳгори ҳам рафтани Худойқул ва ҳам марги шавҳар дониста ва барои гуноҳ шустан аз пайи Худойқул афтида ўро ёфта ҳамдард ва ҳамнафас шуданист.


Замона тинҷ ва мардум осуда шудаанд. Мардон ҳаваси зани зиёд доранд. Ҳарчанд донанд, ки бересмон баста шудаанд ва занҳо хўрондаю пўшонда натавонанд, боз зан мегиранд. Аз байни ҷўгиён ин корро фақат Худойқул накард. Бо вуҷуди марди ҳузарб ва қайсар буданаш ба ин кор майл накард: шояд яке аз сабабҳои Чинию баччаҳояшро партофта рафтанаш ҳамин бошад. Шояд ҳамин чиз ўро алағда кард... Вале дигар мардҳо Муҳаммад пайғамбарро далел оварда, бисёр зан доштан савоб аст, гўянд. Аз ҳама Адҳам доғи зани дигар. Вале Норҷон ин борро бардошта натавонад. Ў ба қисмат лаънатҳо хонд, ки ҳатто дар дасти ҷўгӣ ҳам рўз надид. Акнун бояд палонҷдорӣ кунад. Норҷон ба шавҳараш гуфт, ки аввал ҷавоби ўро диҳад ва баъд зан гирад. Аз ин гап Адҳам ҷинӣ шуд, ўро зад ва «Ту тоҷикро аз марг халос карда ба ин рўз расондам, акнун ба ман гап ёд медиҳӣ, амр мекунӣ?» гуфта таъна ҳам кард. Ҳарчанд ба Норҷон вазнин ва пуралам буд, тоқат кард.
Фикру хаёлҳое, ки то имрўз барои аз ин тоифа гурехтан сад бор ба сараш омада, мурда буд, бори дигар зинда шуд. Акнун мехост гурезад ва ё ягон каси дилобхўрро ёфта ҳама саргузашт қисса кунад. Зайле, ки Чиниро хумори дарбадарӣ гирифта, аз ин зиндагӣ дур шудан хост, Норҷонро ҳам хумори деҳа ва одамони он гирифт. Мағали зиёди ҷўгиён ба дилаш зада буд, махсусан баъди ин гап. Бо вуҷуди он нахост, ки ба намакдони ҷўгиён туф кунад.
Вай мисли сўфиён, ки ба тақдир тан дода, кунҷи узлат гиранд, ба чунин рўз тан дода буд, аз ҷўгиён ҷудоӣ надошт. Ва оқибат палонҷдорӣ кард. Адҳам аз Қабола духтареро гирифт. Рости гап, ба ҳамин кор ҳам Чинӣ хизмат кард. Аввал ў дида, хуш кард ва баъд илоҷе ёфта ба тарафи худ гардонд. Вале Адҳам Норҷонро аз арўси нав кам намебинад. Дар байни онҳо пайванди ошноӣ ва ё одате ҳаст.

пешина
аз 429
навбатӣ