Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Вале ў ҳоло ҳам чашмгурусна ва бахил, дўлона намепартояд. Ва худаш он қадар хўрад, ки меъдааш заъф зада, аз даҳон оби сиёҳ равад. Куртаи чиркинашро эзоррағза карда, ба даруни он дўлона чида мефарояд, вале табъи Гавҳар намебардорад, ки аз дўлонаи ў хўрад. Саидқул сўз нишон дода як дона ба даҳон андохта мемакад ва донакашро бо сад бинову таманно пуф мекунад. Гавҳар ўро «фисин» мегўяд ва зуд ба хайма медарояд. Айнан имрўз ҳам чунон шуд. Вале Саидқул истиҳола накард. Як бор ба падараш нигарист, ки бо тақ-туқи худ овора аст, аз паси Гавҳар ба хайма даромад. Духтарак худро ба кунҷ кашида фарёд зад:
— Надаро!
— Ту чӣ-ба маро масхара мекунӣ?
— Гум шав, отата ҷеғ мезанам.
— Ман туро нағз мебинаму ту...
— Як дўлона напартофтию?
— Қасдан напартофтам.
— Ана акнун дигар бо ту гап намезанам.
— Ман туро мекушам. Баъд худам мисли отат баромада меравам.
— Фисин.
— Чӣ?!
— Не, ман шўхӣ кардам... Набиё!... Амааак! – фарёд зад Гавҳар.
Саидқул пас гашта аз хайма баромад. Вале Нуриддин ҳоло ҳам ба тахтаҳои арраву рандакардааш мех зада дару тиреза месохт.
10
Ҳаво каме абр гирифт. Аввалин борони тирамоҳ рехт: гарм.
Зеро ҳоло ҳам тафси тобистон боқӣ буд. Қатраҳои аввалини боронро касе надид. Сангҳои сиёҳ тар шуданд. Баъд дар паҳнои дашт борон тўр бофт. Бод ҳам роҳашро гум карда буд: гоҳ боронро сўи рўдбор мебурд ва гоҳе сўи кўҳ. Оҳиста-оҳиста ҳама ҷо тар шуд. Гунҷишкон аз шохҳои баланди дўлона ба шохҳои паст фуромаданд. Аломати хунук шудани ҳаво. Ба пўстини ҷўгиён кайк даромад. Ҳоло манзили зимистонаашон муайян нашудааст.
Охирин тирезаи лўлӣ Нуриддин сохтаро ҳам бурданд. Зери дўлона параха, аррамайда ва лоси чўбҳо боқӣ монда буд. Нуриддин ба Саидқулу Гавҳар фармуд, ки парахаҳоро чида бехи кундаи дўлона резанд. Вале Саидқул кампири Чиниро аз бехи дарахт хез гуфта натавонист. Пиразан пушт бар тани дўлона такя дода менишаст.
Саидқул оҳи бадарди пиразанро шунид. Ў як бағал тароша чид ва ба Гавҳар муддаои табъ зеҳн монда «уҳу» гўён гулў равшан кард ва тарошаро бурда бехи дўлона рехт, бозомада нигоҳашро давом дод:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё