Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Адҳам занҳояшро ба ду тараф мегираду худ андар миёна мехобад. Вале Норҷон бештар бо ду кўдакаш овора...
Ҷўгиён намедонанд, ки гузаштани умрро аз рўи чӣ ҳисоб кунанд, аз рўи зиёд шудани зану фарзанд ва ё мурдани одамон.
Ҳисобу китобро ҳеҷ кас ба онҳо ёд надодааст, вале пулро бехато мешуморанд.
Норҷон аввалҳо ба палонҷаш чизе намегуфт. На аз рўи рашк, балки намехост, ки бо ягон сухани ноҷо ўро ранҷонад. Вале инро наварўс дигаргуна пазируфт: дар гумонаш Норҷон ўро намехоста бошад. Баъд фаҳмид, ки Норҷон як зани дилшикаста, беозор, ба ҳар кор ҳамроҳ нашавад, неку бади мардумро нагўяд, хуш кард.
Ўро на палонҷ, балки «апаҷон» гуфта муроҷиат кард. Норҷон ҳам ба ў эътибори зиёд медод. Дар шеваи ў як лаҳни ошноро ҳис кард ва гўё чашмони хоболудаш бедор шуданд. Чашмони Норҷон ба ҳар нигоҳ ўро дигархелтар медиданд. Ў низ дар рухсораҳо холҳои кабуд дошт. Ба худи Норҷон сахт монанд: абрўвони шикаста, чашмони пурнури зинда, дандонҳои даричадор, бинии хурд ва ҳатто қиёфаи ҳазинаш як себи дукафон буд. Фақат мўяш фарқ мекард: мўи ў мисли мўи Норҷон қатронӣ не, балки сиёҳи маллатоб буд.
— Аслан аз куҷо мешавӣ? – пурсид Норҷон, вақте ки аввалин бор ҳар ду дар як ҷо танҳо монданд. Ў рост ба чашмони духтар нигарист, то дурўғ нагўяд ва баъд ба лаҳҷаю шевааш диққат дод, ки аз куҷо буданашро дарк кунад. Норҷон аз бисёр гаштанҳо медонист, ки дар кадом деҳа чӣ тарз гап мезананд. Барои ҳамин эътибор дод. Ва ў ба шубҳа афтода буд ва гумон мекард, ки ин наварўс ғайри ҷўгӣ аст. Аз афти кор, Райҳон аз куҷо буданашро намедонист ва чизе намегуфт.
— Аз куҷо мешавӣ? – боз пурсид Норҷон.
— Аз куҷо? Аз қабилаи ҷўгиҳо. Лекин падару модар надорам.
Онҳо мурдаанд, маро зани бобои Самеъ – холаи Наврўзбибӣ калон кардааст.
Норҷон ба суханҳои ў бовар накард. Вале дигар напурсид. Ба сўҳбати онҳо халал расонданд: Адҳам омада халал расонд. Хавф бурд, ки дар байни занҳо ягон гап шудааст. Болои сари онҳо омада хеле вақт хомўш истод, баъд пурсид: «Ҳа, чӣ гап?».
— Ҳеҷ гап, Адҳам, чақ-чақ мекунем, – гуфт Норҷон ва Адҳам бовар карда, ба сояи дўлона рафт.
Аз ин сўҳбат на Норҷон чизе фаҳмид ва на Райҳон.
Дўлона ғарқ пухтааст, суп-сурх. Саидқул қариб аз болои шохҳои он намефарояд, вале Гавҳар ба он баромада наметавонад. Мисли рўбоҳ ба боло нигариста зорӣ мекунад, то Саидқул дўлона партояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё