Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Хунук хўрдам, ба болоям кўрпа парто,– хоҳиш кард Умматқул ва баъд аз нўҳ рўз хест. Дар ин муддат Талъат ҳам ба кор рафта натавонист. Баъди Умматқул арақ карда, аз дард фориғ шудан зан ба кор рафт, вале рўзи чаҳорум «дилам беҷо мешавад, сарам чарх мезанад», гуфта ба кор нарафт. Ў аз Умматқул хоҳиш кард, ки аз боғ ғўра чида биёрад. Умматқул ғўра овард. Аввал ду-се донаро ба намак зада хўрд, баъд тоқат накарда ғаж-ғаж хоидан гирифт, то даме, ки дандонҳояш кунд шуданд. Акнун на нон хоида метавонад ва на даҳон кушода, ҳаво гирифта. Айёми сарторикӣ даргузашт. Ў боз ба кор баромад.
Умматқули оромтабиат имрўзҳо хўи падар гирифта буд: пурхашм ва мисли шер ғуррон. Дирўз аз Гавҳарро бўсидани Саидқул дар ғазаб шуд ва писаракро як лағат зада, аз тиреза берун партофт.
Писарак ҳам паст наомада аз берун дод зад:
— Ту, Умматқули ҳаром, ҳамин қадар апаамро мучӣ мекунӣ, ман гап намезанам, як бор хуҳарата мучӣ кардам, мурдӣ-а?
Аз ин гап хашми Умматқул фаромад ва сар аз тиреза бароварда, хандида гуфт:
— Хайр, дод назан, баробар шудем, дигар ин корро накун, айб.
Саидқул чашмонашро молида паҳлўи хона гузашт. Бо ҳамин чанд рўз ба Гавҳар наздик нашуд.
— Ту чаро ба хонаи мо намедароӣ, Саидқул? – ўро танҳо дида пурсид Гавҳар.
— …
— Тарсидӣ?
— …
— Чаро гап намезанӣ?
— Гап занам, акот мезанад.
— Не, натарс, намезанад... Ҳозир аламаш зиёд. Мегўд, ки бародару хоҳаронам аз гармову сармои кўчокўчу бехонумонӣ нобуд шудаанд, фақат ману ту мондем. Отаю очаамон ҳам гум шуданд.
Тағою апаамон рафтанд. Ту ягона нишона ҳастӣ. Барои ҳамин намемонад, ки касе ба ман наздик шавад. Ту назди ман омадан гир. Ман дигар туро «Фисин» намегўям... Ту нағз, Саидқул. Ин хел мўи ҷингиларо ҳеҷ кас надорад. Ҳатто акои ман ҳам. Ту мўятро натарош, – гуфта Гавҳар ба мўи ў панҷа зад, баъд мўйлаби мисли сабза навдамидаашро бо ангушт ҳамвор кардан хост. Саидқул дасти ўро дошта,
— Биё, тутчинӣ равем. – гуфт.
— Баччаҳо мезананд.
— Не, ба тути ҳавлиҳои мардум не, ба тути боғи колхоз. — Саидқул аз дасти ў дошта кашола кард. Себзорро гузашта, зери кўҳи сурххоки Чилдухтарон рафтанд. Дарахтони тут саросар каллак буданд. Баъд онҳо ба зери дарахтони гелосҳои ранговарда шуданд.

пешина
аз 429
навбатӣ