Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Саидқул як ҷуфти гелоси як рўяш ранговардаро канда ба гўши Гавҳар овехт.
— Акнун рафтем, ман имрўз ба кор нарафтам, акаат мекушад.
Ҳоло кофта гаштагист.
— Ман ҳам бояд мерафтам.
14
Аз афти кор, рўи раис нашуд, ки ҷўгиҳоро аз боғ ба ягон манзили дигар кўчонад. Дуртар дар лаби дарё шипанги нав пўшонд.
Аз болотарҳо меҳмонҳои олиқадр биёянд, он ҷо зиёфат медиҳад ва сари чанд вақт аз тафсои тобистон осуда шудан хоҳад, ба шипанг меояд. Ҳар бор ки раис бо ҷўгиҳо рў ба рў ояд, хиҷолат мекашад, ки Худойқулу Чинӣ беному нишон ғайб заданд ва ў бозёфта наметавонад. Пештар аз худи Чинӣ хиҷолат мекашид, акнун барои ў хиҷолат мекашад. Ҳар бор, ки Умматқул «раис, ёрӣ деҳ онҳоро ёбем» гўяд, раис чӣ ҷавоб доданро надониста, ба фикр меравад.
Ин пагоҳ ҷўгиҳо ба кор нарафта, раис ба боғот омад ва Умматқулро ҳамроҳ гирифта ба шипанг бурд.
— Умматқул, падару модаратро ёфта натавонистам.
— Аз зиндагон ҳама вақт умедвор мешаванд, раис.
— Ҳамин тавр, Умматқул, ҳамин тавр... Ҳоло ҳам азоб доред?...
— Мо аз азоб шикоят намекунем, раис. Азоб ҳамсафари доимии мо. Дар пешониамон як нон не, як бурида андохтагӣ...
— Чаро ин хел мегўӣ? Ба назарам аз дастамон омадагиашро кардем.
— Аз худатон гап намемонад, раис. Таънаю пичингҳо ба дилам зад.
— «Хуб» гуфтан гир, ба дигараш корат набошад...
Раис рафт. Умматқул ўро то идорааш гусел карда баргашт.
Гавҳар танҳо буд. Ў ба бародараш изҳор кард, ки ҳурмати раис гуфта, ҳама ба саҳро рафтаанд... Умматқул ҳам аз пас рафт. Дар даромадгоҳи боғот чашмаш ба ду зан афтид, ки бо пайроҳа меоянд. Дар китф халтаи пур, дар даст калтак ва рўймолҳоро чанбар бастаанд. Умматқул онҳоро нашинохт, бозистода нигоҳ кард. «Ба хонаи мо садақаҷўӣ мераванд» аз дил гузаронд ў. Онҳо ба чап, сўи хонаҳо гаштанд. Хеле суст қадам мезаданд.
Гавҳар тохта баромада, худро ба гардани яке аз занҳо овехт ва дергоҳ сар надод. Дили Умматқул тез зад. Занро шинохт, дар ҷояш шах шуда ба хаёл рафт: «Равам ё не?» Ў баргашта ба идораи раис омаданӣ шуд, вале боз аз роҳаш гашт. Аз ҷониби боғоти «Чилдухтарон» тохта омадани хоҳарашро дид. Сараш луч ва мўйҳои парешони ўро бод мебардошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё