Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Рафтори Умматқул ба модар сахт расид. Ў аз хона чодари кўҳнаро ёфта баромад ва дуртар аз бино дар паси дарахти калопи чормағз хайма зад. Ду кўрпачаи кўҳна ва як кўрпаи порсол аз магазин харидаро ҳам гирифт. Ва аз ин рафтор хориаш омада хуб гирист. Духтараш чунин кори ўро хуш накард. «Акаам хафа мешавад» гуфт, вале модар эътиборе надод. Вақти нонпазии ў нарафт. Калтаки говронамонандро гирифта аз алам ба замин зад. Баъд баргашта монанди марди пуралам ва пурхашм ба танаи дарахти чормағз фаровард. Калтак шикаст. Пиразан аз алам нисфи калтакро дур андохт. Баъд сўи рўдбор роҳ гирифт. Ҳамин вақт коргарон ба боғот даромаданд. Чинӣ аз роҳаш баргашт ва ба хайма даромад. Ба пешвози коргарон набаромад. Ҳама дар назди дарҳо истоданд. Гавҳар ба онҳо чизе мегуфт. Биҷон ҳам баромада ба онҳо вохўрд. Бо палонҷаш Онакалон оғўш ба оғўш шуда гиристанд. Пиразан аз чодар ҳамаи инро дид. Вале вақте ки ҳама ба сўи ў омаданд, сар ба кўрпа печида хоб рафт. Бедораш карданд.
Умматқул ба Саид фармуд. ки хаймаи ўро канад.
— Не! – фарёд зад Чинӣ, – Ҳамин қадар сарсон кардӣ, бас аст!
Мон, ба бечорагиам гардам. Ба ман ҳеҷ чизат лозим нест... Ҳамин хел ки отабезор будаӣ, ба назди ў нарафта, ба ман дурўғ гуфтӣ: ба Биҷон тўҳмат задӣ. Маълум, ки аз модар ҳам безорӣ. Рав! Ҳар чӣ дилат хоҳад, кардан гир! То ба кай колхоз ба ту қарз медиҳад?..
Ман ҳамин шабро ин ҷо рўз кунам, пагоҳ меравам... Ризқамро аз ҳар дар ёфта мехўрам, лекин кирдори ту ба ман алам мекунад. Аз дилу ҷигари худам шуда, маро фиреб додӣ...
— Оча, мон шаф-шафатро, ба хона даро, айб!
— Ту ҳам айбро медонӣ? Не-е! Ту на айбро медонӣ, на қадри одамро. Ту ҳоло ҳеҷ чизро намефаҳмӣ. Мо ҷўгиҳо аслан дар назди халқи олам қадр надорем, лекин ту боз қадри моро пасттар задӣ.
Ту ҳоло намефаҳмӣ, ки ба як кас одат карда, якбора аз ў ҷудо шудан чӣ рўзи сахт аст.
— Ҳамин қадар гап ҷамъ карда овардӣ?
— Ҳа, ба ҷои ризқу рўзӣ ба ту гап ҷамъ карда овардам.
— Масхарабозӣ накун, оча, ба хона даро...
Пиразан барқасд ба ҷояш нишаст. Усто Нуриддин омад.
— Ин хел накун, Чинӣ, бихез! Биҷон хурд бошад ҳам, аз ту баақлтар будааст. Аллакай бо палонҷаш чақ-чақ карда шиштааст.
— Хайр, ман хестам, чӣ мешавад? Худойқули ман меояд?
— Ўббо! Дар даҳонат дандон намондаасту... мемурд, чӣ мекардӣ?
— Мемурд, тан дода мешиштам.
— Духтар дорӣ, писар дорӣ, ба худо шукр карда шин-дия!
Лозим бошӣ, кофта меояд... Ту майда нестӣ, ки ба замин шишта почак занӣ. Ақлатро кор фармо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё