Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман, Умматқул ҳоло бачча, ин чизҳоро намефаҳмад, гўям, ту ҳам, акаи Нуриддин, ин чизро намефаҳмидаӣ. Сӣ сол якҷоя, боғхона ба боғхона гардему имрўз ман ўро гум кунам, дигар ба ман чӣ мемонад? Чанд рўзи дигар аз умрам боқӣ мондааст. Ҳамин ташвишҳо ба ман чӣ лозим?
— Ту кор накун, ман мехоҳам, фақат роҳат карда хоб равӣ,
– гуфт Умматқул.
— Роҳат ба ту насиб кунад, писарам, насиби ман меҳнат ва заҳмат аст... Ба ту ҳеҷ чиз не, лекин ман бояд ба ваъдаҳоям вафо кунам. Ман ба отаат ваъда кардам, зиндаву мурдаи ўро ба гардан гирифтам. Ба ту фарқ надорад. Ту бояд ҳар рўз аз колхоз қарз гирӣ.
— Сил кардӣ-дия...
— Хап ист, Умматқул! – хитоб кард Нуриддин, – Ў дуруст мегўяд, ба мо ин ташвиш лозим набуд, – пас ба пиразан рў овард.
– Мо дигар зиндагии худамонро не, ҳолу аҳволи инҳоро бояд фикр кунем, ки пас аз сари мо чӣ мешавад... Ту ба назди ҷўгиҳои Кўктош рафтӣ, Чинӣ?
— Рафтам, Биҷонро аз ҳамон ҷо ёфтам, вале Худойқул набуд.
— Онҳоро таъриф мекунанд, ки зиндагиашон дигар шудааст?
— Ҳа, хеле дигар шудааст. Онҳо мисли шумо ҳама дар як катак не, балки дар ҳавлиҳо зиндагӣ мекунанд... Барои колхоз шуда падар аз писару писар аз падар рўй нагардондаанд.
— Оча, як гапҳо мезанӣ, ки... аз кирдораш рўяш дуд кард, дигар истода натавонист. Мараҷабро беҳуда кушт...
— Ин хел нагў, Умматқул! – аз хона фарёд зада баромад Биҷон.
– Ман ҳамаашро ба апаи Чинӣ гуфтам. Худойқул айбе надорад.
Шўямонро мо худамон куштем – ману Онакалон...
Умматқул ҳайрон шуда, беихтиёр танашро каме қафо кашид.
Вале Чинӣ ба ин гап аҳамияте надод.

15

Ба Умматқул писар шуд. Чинӣ ба худ андармонӣ ёфт. Акнун кўдакро мисли баррача хорумол карда, ҳама чизро аз ёд баровард.
Кўдак мисли ҷўгибаччаҳо дар пуштора не, балки дар гаҳвораю ҷогаҳ калон мешуд. Чинӣ ба Умматқул мефармуд, ки барои писараш чизҳои хуб харида биёрад. Чун писараш чаҳормоҳа шуд, Умматқул як чўҷаи майна дошта овард, то баробари писараш гапро ёд гирад ва худаш ҳам фикр накарда гуфт, ки писараш забони мурғонро омўзад. Майна ром шуд. Умматқул ба ў «салом»-ро ёд дод. Чун ба кор мерафт, пиразан ба ў мефармуд: «Худойқул гўй, Худойқул», вале гапи ёдгирифтаи мурғак «ғиш» буд. Майна ғазаби Чиниро меовард.

пешина
аз 429
навбатӣ