Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рўзе мурғак ба сари синаи кўдак нишаста «ғиш-ғиш» кард. Тифлак завқ бурд. Момо аз майна хоҳиш кард, ки «Худойқул» гўяд, парранда боз «ғиш» гуфт. Пиразан ғаш карда «Худо ту даҳансиёҳро гирад!» гўён вайро заданӣ шуд. Мурғак аз дар берун парвоз кард ва ба шохи дарахти чормағз нишаст. Вақте ки Умматқул омад, майна беқарор шуда аз дарахт ба бом ва аз бом ба дарахт парида «ғиш-ғиш» кардан гирифт.
— Ба ту чӣ шуд? Ку ин ҷо биё! – ба мурғ муроҷиат кард ў, вале парранда нафаромад, садои кадом мурғи ҳамзабонро шунида, парида рафт. Писарак ба сўе, ки майна парида рафта буд, ишораи даст мекард ва бо забони тифлона, ки фаҳмиданаш аз забони мурғон ҳам душвортар буд, чизе мегуфт. Ба ҳар ҳол ин ишораи тифлро фаҳмидан чандон душвор набуд, ў мурғаки алоякро мехост...
Момо ҳар рўз ба Умматқул ёдрас мекард, ки барои писараш ягон чиз харида биёрад. Ў аз колхоз музди меҳнаташро гирифта, як гови сиёҳи гўсоладор харида овард ва гуфт:
— Ана, оча, калониаш барои ту, хурдиаш барои Мавлон.
— Чӣ-ӣ?! – инро ҳақорат фаҳмида пурсид Чинӣ.
— Говро ҷўшида ба набераат шир медиҳӣ, мегўям.
— Ҳай, ман гапатро нафаҳмидам-а?
— Оча, ин вақтҳо бо ман бисёр баҳс мекардагӣ шудаӣ. Беҳтараш, Мавлонро гирифта боғро сайр кун, ҳама аламат баромада меравад.
— Аламам кайҳо паст шудагӣ, Умматқул... Худо фармояд, дар он дунё ҳамдигарро медидагистем... Худойқул аз ту метарсад, набошад, кайҳо баргашта меомад...
Баҳси онҳо тамом нашуда, шофёри раис омада Умматқулро ба идораи колхоз бурд. Ҳарчанд Умматқул аз шофёр пурсид, ки чӣ гап аст, вай чизе нагуфт. Ў дар мошин хаёл мекард: «Шояд аз падарам дараке ёфта бошад... эхтимол моро аз ин хона кўчед, гўяд. Ё мо шоликориро натавонистем? Не, ин хел мебуд, моро дар район таъриф намекарданд ва ё аз маркази республика мухбир омада моро дар газета намебаровард...»
Вай аз андешаҳояш хулосае бароварда натавонист, боз дилаш ғурур кард, аз ў пурсид:
— Росташро гўй, додарам, чӣ гап? Дараки падарамро наёфтааст-ку?
— Намедонам...
— Не, ҳар коре, ки раис карда бошад, ё кардан хоҳад, ту медонӣ... Хайр, гўй, ки ягон кори бад накардаам?
— Не!
— Ана, нагуфтам, ки ҳамаашро медонӣ, вале намегўӣ.
— Акнун аз худи раис мефаҳмед.

пешина
аз 429
навбатӣ