Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— «Не», – мазмуни саволи маро фаҳмида сар ҷунбонд ў.
— Ба Мулкия ягон гап шудааст?
— «Не», боз сар ҷунбонд ў ва ин «безабонӣ»-и ў ҷони маро бар лаб овард.
— Чӣ! Чӣ?!!! – фарёд задан мехостам ман, вале аз ҳамсояҳо хавф бурдам.
— Мулкия дар рўйи ҳавлӣ...
Ман дарро нимроғ гузошта ба саҳни ҳавлӣ баромадам.
Мулкия ба ҷорўби дастадароз такя карда хандида меистод.
— Бубахшед, муаллим, – саломро ҳам фаромўш карда барои дар ин новақтӣ маро ташвиш доданаш узр мепурсид.
— Боке не, осмон ба замин начаспидааст.
— Дидем, ки чароғатон месўзад... Яку як...
— Чӣ яку як? – шўхии ўро нафаҳмида пурсидам.
— Шумо ҳам вақти машқи ман халал расонда будед.
Ман ҳайрон будам аз завқи ў, чӣ гуфтанамро намедонистам, вале ў боз ба сухан даромад:
— Ташаккур ба шумо!
— Барои чӣ?
— Шумо намебудед, ман баргашта намеомадам.
— Ман?
— Ҳа... Шаби азназаргузаронӣ паси саҳна омаданатон бас буд...
Намедонам ба ў чӣ гўям. «Аз он ҷо омада, рўбанда шудӣ?»
пурсиданӣ будам, вале малол наояд гуфта напурсидам.
— Очаму отам меҳмонӣ рафтагӣ, мо ба ҷойи онҳо... – аз таҳаммули ман рамуз гирифта гуфт Мулкия.
«Ба хона марҳамат» гуфтанӣ шудам, вале шарм доштам.
Хоҳараки ў аз банди дасташ маҳкам дошта меистод, ки гуё Мулкия ба ягон ҷо мегурехта бошад. Дар зери пироҳанаш пайкари хурдакаки ў ҳоло ҳам меларзид.
— Муаллим, пагоҳ ба Филармония биёед, барномаи сафарии моро аз назар мегузаронанд...
— Чӣ хел барномаи сафарӣ?
— Мо ба Монреал меравем...
Ман шукуфтам, саҳл монд, ки хоҳаронро якбора оғўш карда бардорам ва ба гирди худ давр занонам, худдорӣ кардам.
— Меоед, муаллим?
— Меоям...
— Хайр, шабатон хуш!
— Шаби шумо ҳам!..
Дар толори Филармония ҳамагӣ чанд кас буданд. Ман ба сифати мухбир ҳузур доштам. Ҳунарнамоии дигарон чандон завқамро намеовард. Нигарон будам, ки Мулкия кадом рақсро иҷро мекунад. «Рақси кабўтар» ва ё рақси «Остин»-ро. Вале эълон шуд, ки Мулкия «Рақси мор»-ро иҷро мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё