Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махўр,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ.

Ва баъди ин садои марғуладори ў чунон ба толор танин андохт, ки ҳаргиз шеърро чунин хушоҳангу нишонрас касе нахонда буд.
Ромиз надонист, ки толорнишастагон ўро чун шунаванду дарк кунанд, вале хуб донист, ки ин чиз на ба ҳар кас муяссар шавад:

Чун ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад,
Як пурсиши гарм ҷуз табам кас накунад.
В-ар ҷон ба лаб оядам, ба ҷуз мардуми чашм,
Як қатраи об бар лабам кас накунад.


Дар манзили ғам фиканда мафраш моем,
В-аз оби ду чашм дил пуроташ моем.
Олам чу ситам кунад, ситамкаш моем,
Дастихуши рўзгори нох(в)аш моем.

Саҳна тиратар шуд. Ҷуз пайкари шоир дигар чиз наменамуд.
Манзараҳои шоҳонаи Бухоро наметофтанд. Ба назар мерасид, ки шоир баландиро боло мешавад ва гоҳ-гоҳ баргашта ба пас менигарад ва ба мардум муроҷиат мекунад:

Агар ғамро чу оташ дуд будӣ,
Ҷаҳон торик будӣ ҷовидона.
Дар ин гетӣ саросар гар бигардӣ,
Хирадманде наёбӣ шодмона...

Моноспектакли яксоатаи актёр Ромиз поён ёфт. Ў ба коми торикӣ рафт ва ба истиқболи кафкўбии тамошобинон баромад.
Саҳна равшан шуд. Рўдакӣ аз саҳна поён фаромаданӣ буд, ки ба пешвозаш шоири даврон, ки мардуми тоҷик аз шоирони бузурги гузашта кам намехонанд, омад. Ромиз гумон надошт ва пай ҳам набурд, ки устоди бузург ба дастфишории ў омада бошад. Ў бо фармуди мудири театр бояд ба толоре равад, ки драматургҳо, санъатшиносон, ходимони рўзнома ва аҳли адаб бошанд. Ў сўяш омадани устодро дид, вале фаҳм накард. Чунон ки ўро токи электрикӣ зада бошад, якбора бозистод. Рў ба рўи устод бозистод ва монанде ки кадри дар экран боздоштаро ба ҳаракат оваранд, бо суръати ҳайкал гаштааш ба ҳаракат даромад ва ҷониби шоири бузург қадам монд... Ҳарду ҳамдигарро ба оғўш кашиданд. Устод ба бехи гўши ў чизе гуфт, вале Ромиз нафаҳмид, мазмун ниҳоят паст гуфта буд.

пешина
аз 428
навбатӣ