Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Чунон паст, ки гўё ў ҳамин зайл пичиррос зада бошад. Гўё Ромиз ҳам ба гўши устод чизе гуфт, вале устод сухани ўро фаҳмид, ки...
На, нафаҳмид, садои баланди кафкўбии тамошобинон овози Ромизро қатъ гардонд: онҳое ки майли бурун омадан доштанд, чунин рафтори шоиру ҳунарварро, ки беҳтар аз ҳар гуна намоиш буд, дида ҷо-ҷо бозистоданд ва баргашта каф кўфтанд, чунон каф кўфтанд, ки вақти намоишро тамом кардани Ромиз, гоҳи дубора барои миннатдорӣ пеш омаданаш каф кўфта буданд. «Борҳо шунида будам, устод, вале намедонистам, ки ин қадар хоксор, қадршинос...» Чорқарс шуд, андешаи Ромизро пароканд. Ромиз аз оғўши устод раҳо шуда, сари таъзим фуруд овард.
Тамошобинон кафкўбон мебаромаданд, баъзеҳо устоду Ромизро ҳалқа гирифтанд. Ҷо-ҷо драматургҳою санъатшиносон чору панҷ шуда баҳс доштанд, аз ҳаракат, имою ишора ва ваҷоҳаташон маълум буд, ки на танҳо баҳс, балки машварат бикунанд. Ҷавонон, духтаракон (албатта донишҷўён), ки ба кадом роҳ ба ин намоиш даромадаанд, китоб, дафтар ва зуҳурнавис дароз мекарданд, то устоду Ромиз соядасте бигузоранд. Ромиз дар китобе «Рўдакӣ», дар дафтаре номи худ ва дар авроқ «Эзоп» менавишт, ки ба хотири дўсташ Ғиёс буд...
...Муҳокима на дар зол, балки дар толори шафат, ки одатан барои меҳмонони олиқадр ҳам ҷои пазиро, ҳам ҷои рўпўшу кулоҳкашӣ ва ҳам фароғатгоҳ буд, мегузашт. Фарши тахтакўби онро бо пойандозҳои сурхи баланд пўшида буданд. Як рахи обӣ ва як рахи сабзи баланд, ки дар ҳошияи пойандозҳо буд, камони рангаи рўзҳои офтобборонро ба хотир меовард... Ромиз гумон надошт, ки ин қадар одам ҷамъ мешаванд: драматургу санъатшиносон шояд барои шунидани фикри одамони мўътабар омада бошанд: барои шунидани фикри шоири бузург ва режиссёрон, ки барои «Моноспектакл» хизмате надоштанд. Директори театри ба номи Пушкин чаҳор даҳан гап зад ва сонӣ хоҳиш кард, ки ҳозирон андешаашонро бигўянд... Як марди ларзони айнакӣ сурфиду бархест ва ба сухан пардохт: «Аз вохўрии устоди бузургамон бо ҳунарвар... маълум ки намоиш ба он кас писанд омадааст. Ба мо ҳам писанд омад. Актёр (режиссёр, саҳнагузор, суфлёр ва ҳар чизе ки хоҳед) хеле заҳмат кашидааст, шеъри зиёдеро аз ёд кардааст, ки ин кори ҳар кас не... ин кори ҳар кас не, рафиқон... қоил шудан лозим... қоил нашуда ҳам намешавад... қоил. Лекин, рафиқон, ба қоилӣ қоилу ба ин кас кӣ иҷозат додааст, ки аз пеши худ ин хел корҳоро кунанд... вақте ки мо – драматургҳо саҳна намеёбем, ки песаамонро ба халқ намоиш диҳем...
— Кадомашро? – пурсид санъатшиноси шаккок.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо