Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

раҳораҳ андеша мекард Ромиз. Ў ки умри кўтоҳ ба андеша сарф кардааст ва ҷуз дарди сар чизе надидааст, аҳд карда, то ба ҳар гапу калоча эътибор надиҳад, то ҳар чизи нолоиқ боиси парешонии хотири ў нагардад.
Ҳалқи Ромиз хушк шуд. Маълум ки торҳои асаби ў боз афшурда шуданд, дилу ҳиссиёти ўро боз ба танг оранд ва ў беқарор гардад, дар бораи оламу одам андеша бикунад; боз ғалаёни андешаҳо ўро бероҳа созанд ва халал расонанд, ки ў худшиносӣ бикунад, худро дарёбад; ва баъди ташвишҳои навбатӣ акси садояшро аз дигар ҷойҳо шунавад: корҳои кардаю нокардаи ўро муҳокима кунанд ва баъдан вай фаҳмад, ки дар байни ин қадар ташвишҳо ва барору нобарориҳо боз гапҳое шудаанд, ки дар ҳақиқаташ ҳайрон монад. Ҳушёр гардад, вале дер. Сонӣ фаҳмад:
ба гуфтаҳои Рўдакӣ сарфаҳм равад, ки дунё «гирдгардон» аст ва ҳар сазое расад, аз кардани худ расад.
Имрўз Хуршедро худи Ромиз ҷустуҷў кард, зеро ў кам намояд, ҳатто рўзи супоридани моноспектакл ҳам ўро дида натавонист; ин чизро тасодуф гумон карда, он қадар аҳамият надод, аммо дар ин миён ки Хуршед пайдо нашуд, дили Ромиз ба таҳлука афтода аз паи дидани дўсташ шуд. Ўро дар театр пайдо накард. Дар хонааш пайдо накард, аз чойхонаи «Роҳат»-у чанд ҷои дигар низ наёфт, ки канори наҳр рафта андаке дам гирифта, бегоҳ тозарўҳ ба театр ояд. Набояд чунин шавад, ки Хуршед аз омадҳои Ромиз бехабар монад, махсусан дар чунин рўз, ки ҳам писар ёфтаасту ҳам аввалнамоиши «Рўдакӣ» баргузор мегардад. «Аҷиб! Чунин ҳам мешудааст».
Ромиз пеш аз он ки ба театр рафта, ба саҳна омода шавад, сари қадам бозор даромада ноку анор гирифт ва сўи зодгоҳ рафт ва Хуршедро дар ҳамон ҷо дарёфт, ки дар хараки саҳни бино нишаста сигарет дуд мекард.
— Муборак шавад! – оғўш кушода хест ў. – Аз соати се ин ҷо нишастаам, ки ҷанобашон меоянд. Соат панҷ шуд, – гуфт ў ва ўро аз оғўшаш раҳо накарда, бехи гўшаш пичиррос зад: «Касеро бахт бархандад, барор андар барор ояд». Сонӣ сахттар фишурда аз оғўш раҳо кард; дарун даромаданд, ки чизҳоро супоранд. Боз навбатдории ҳамон духтараки дамидашикам будааст. Ромиз коғазхалтаро дароз кард ва духтарак номи Саидаро шунида, аз рўихат ёфта «шумо имрўз чиз оварда будед» гуфт ва «кушу куртама гир»
дигар қабул накард.
— Қонунро худатон мебароред, боз итоат намекунед, – аз гап намемонд духтарак.
Хуршед аввал аз муомилаи духтарак ҳайрон монд ва баъд гапро ба ҳазл гардониданӣ шуд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо