Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Духтари нағз, дар ҳамин бино ягон борбардор ва ғар-ғара ҳаст, ки одам ҳамин чизҳоро болояш монаду худаш ғиззӣ карда ба ошёнаи дуюм барорад.
— Ҳамин хел ғар-ғара шумо-дия, – гуфт духтарак ва табассумаш омада боситеза коғазхалтаро аз каши Ромиз гирифт ва даруни сатил партофт.
— Ташаккур! Илоҳӣ дар биҳишт моро ҳамсоя нагардонад,– Хуршед миннатдорӣ кард ва духтарак ин чизро миннатдорӣ ангошта:
— Ҳеҷ гап не, ҳеҷ гап не, – гўён сатилро бардошта вазнинвазнин қадам партофта рафт.
— Ҳар қуфл калиде дорад, мулло Ромиз, – аз карда болида гуфт Хуршед.
— Оре! – ба файласуфона гуфтани Хуршед ҷавоб дод ў ва хаёлаш рафт, ки шояд он духтар кўдаки аввалро таваллуд кунад ва барои ҳамин ин қадар воҳима гирифта бошад. Аз сахт гуфтанаш пушаймон шуд, вале ба Ромиз аз ин хусус гап назад, то ўро Ҳоҷӣ-пушаймон нахонад. Хуршед як бор ба ў нигарист, ки чаро Ромиз хомўш меравад, вале чизе нагуфт, то фикраш парешон нагардад; донад, ки ў дар бораи чӣ фикр кунад. Албатта дар бораи намоиши имшаба, вале Ромиз гумон дорад, ки рафиқаш ин чизро надонад, ҳатто барои он рўз вақти қабули «Моноспектакл» наомадани ўро напурсад. Пиндорад, ки пас аз ду соат оғоз гаштани намоишро низ надонад. Як Ромиз не, ҳама гумон кунанд, ки чизи он кас донистаро дигар кас надонад, касалии инсон чунин; шояд истисное бошад, зеро дарсеро, ки ҳама баробар хонанд, на ҳама баробар донанд, аз ин рў касро гунаҳгор кардан раво набошад.
Ромиз арақ кард, аз андешаи зиёду ноҷои хеш арақ кард; рўймолча зери гиребони куртаи сафеди хол-холи нахўди сабз доштааш гузошта, кафи дастони намнокро пуф-пуф бод дода, дуздида ба Хуршед нигарист.
— Аз рафтори духтарак чунин арақ кардӣ? – гап гирифтанӣ шуд Хуршед.
— Ҳа, барои қонундониаш...
— Ҳм, дигар баҳона наёбанд, қонун пеш оранд; кори одамони шаттоҳ ва муттаҳам... Лозим ояд, аввал қонунро вайрон кунанд, сонӣ... Ҳамин чизро шўхӣ – ҷиддӣ гуфтанӣ будам, аммо ҳикояташро наёфтам:
— Қиссаи гови афандиро надонӣ? Пас, гўш бидеҳ: Рўзе афандӣ назди қозӣ ояд ва арз кунад: «Шариатпаноҳо! Имрўз миёни деҳа говҷанг бишуд ва гови шумо гови маро шох зада кушт». Қозӣ фармуд: «Гов ҳайвони бад, безабон, аз гўсола ҳам батар. Ман ҳеҷ кор карда наметавонам».
— Бале, қозикалон, гов гов аст... Бубахшед, ки гови мо гови шуморо шох зада кушт...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо