Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Гап дар амак не, – маънии сухани Ромизро нафаҳмида гуфт ў, – Дар мо ҳар касро таъриф накунанд,.. Таърифатро аз забони худи вазир шунидам... Гап дар амак не... Хўш, чӣ гап дорӣ?
— Хона надорам, муаллим...
— Дардат сахт будааст, бачча. Гумон кардам, мошин мегўӣ...
— Барои мошин ҷой ва боз чизҳои зиёде лозим.
— Мо хона наметем, лимит лозим. Лимит медоштӣ, худи ҳозир хона медодам.
— Саломат бошед, муаллим, – бархеста гуфт Ромиз.
— Ҳеҷ гап не, мардум гумон доранд, ки ман хона метиям...
— Ман ҳам нафаҳмида.,.
Ромиз аз дар баромада он шабаҳи назарфиребро дашном дод.
Аммо ҳолати як шинос тамоми фикру андешаҳои ўро пароканд.
Шинос дам ба дам дуди сигаретро фурў мекашид ва касеро дашном медод. Хаёлан чиҳое мегуфт: ангушт мушт мекард, сар меафшонд, мисли хурўси ҷангӣ суп-сурх ва беқарор буд: «Бар падари ман барин серфарзанд лаънат».
— Чӣ шуд, Мурод? – ўро шинохта пурсид Ромиз.
— Аз ҳамин ҷо рафта занамро сар надиҳам...
— Астағфируллоҳ гўй.
— Ин чӣ рўз аст? Се сол давонд, акнун мегўяд, ки лимит сўхт.
Ман чӣ донам... чӣ донам, ки ин хел мешавад... Вагарна ба занак мегуфтам, ки назой... Мо баумед, ки бачча бисёр бошад, хонагирӣ
– осон. Ана акнун дар як катаки мурғ... Хайр кори ту чӣ шуд?
— Ман ҳамту таваккалӣ даромада будам.
— Ҳм. Лимит сўхту ту таваккалӣ медароӣ... Ха-айр, кулли явмин – беҳтар, гуфтаанд, – аз сигарет ба сигарет оташ дода гуфт Мурод ва қуттии холии онро ба ҷўй партофт. – Сигарет дорӣ?
Ромиз ба ў қуттии сигаретро дароз кард ва «аз дасти мо чӣ меояд?» гуфта, раҳашро давом дод. Мурод алам аз сигарет меситонд.
Ромиз низ дуртар аз ў рафта, сигарет даргиронд ва дуд кашида, ҷониби хонааш раҳ сипарид. Гумон дошт, ки дуди фурў кашида на баргашта аз димоғ берун меояд, балки аз ком ба димоғ ва ба мағзи сар меравад, аз ин рў сараш вазнин гашта, ба гардан бор шуда, фишор меоварад. Ба назар сари вазнинаш ўро ба замин пахш кардан хоҳад, дар асл сари ў ба як чўбкадуи холӣ монанд шуда буд ва наметавонист дар хусусе андеша бикунад. Сараш гирд гашт, сонӣ каме ба худ омада, сўҳбати як вақтҳо аз забони мудири гастроном шунидаро ёд овард; рафту касе андаруни тамокуи сигарети ў низ нашша гузошта бошад: «Ҳе-е, одамҳо чӣ корҳое кунанд...»
Пай бурд, ки пойҳо кашола шуда, гашташ дабба тобад. Ҳеҷ сол, ҳеҷ рўз ва ҳеҷ гоҳ ин зайл бемадору бефара нагашта буд. Бисёр мехост, ки ба гулгашти Ҳофиз расида рўи хараки зери маҷнунбед нишинад, аммо роҳ дур аст: аз панҷарае, ки барои манъи мардум бар қадди хиёбон сохта буданд, такя зад.

пешина
аз 428
навбатӣ