Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Чӣ зарур буд ба ту?
Чӣ зарур буд, ки назди ў равӣ ва худро ин қадар ҳақир ва ин кадар беэътибор дарёбӣ. Рўдакиро бихон буд, Хайёмро, Ҳофизро бихон буд; аз он ҷо ҳама чизро дармеёфтӣ...» На! Ў худро дигар хел дарёфтан хост: ҳо-о, ана он мардаке, ки ҳама вақт пешопеш мегардад, ҳама гапро медонад; аввал ўро дарёфт, сонӣ худро.
Ҳамон мард сирру асрорро ба ў мегўяд, кори Ромиз осон гардад; вале ў гумон дорад, ки он шахси ношинос барқасди ҷони ўст, барои ҳамин аз дарёфтанаш худдорӣ мекунад; махсусан дар чунин ҳолат, ки мадори аз панҷараи сари роҳ дур шудан надорад, азми дарёфтани ўро намекунад. Аз кор монда шавӣ, аз меҳнати ҷисмонӣ монда шавӣ, андаке истироҳат карда ва хўроки дурусте хўрда боз ба худ оӣ, вале чун рўҳ ва фикру андешаи зиёд касро бефараю бемадор гардонад, ба худ омадан осон набувад. «Чӣ зарур буд ба ту?» бори дигар такрор кард ў ва тан ба панҷара такон дода, аз оҳани хунук дур шуд ва оҳиста-оҳиста ба кўчаи Пушкин ва баъд ба гулгашти Ҳофиз гузашт. Вале дар чунин ҳолат нахост, ки ўро Ҷаҳоноро бинад. Ў кашола, бефара, бемадор мерафт. Чунин ҳолро Ҷаҳоноро аз дур дида, худро ба паскўча кашид, то гузаро шуда рафтани Ромиз бозистод.
Ромиз ба хонаи Хола-мулло надаромад; нахост, ки ўро дар чунин ҳолат бинанд. Барои ба худ омадан бояд як ғанаб карда хезад. Ва бо умеди ғанаб чунон сахт хобаш бурд, ки рўзи дигар офтоби аз шишаи тиреза ба рўяш афтида бедораш кард.
«Ромиз!» баробари нури офтоб ин садо ба гўшаш расид. Аммо Ромиз хаёл ангошта нигоҳ накард. «Ромиз!» такрор шуд овоз. Ва ў баргашта Саидаро дид, ки бар курсича нишаста сўяш нигоҳ дорад.
— Ба шумо чӣ шуд? – парешон пурсид Саида.
— Кай даромада будӣ, Саида? – ба саволи ў чунин савол карда ва даст ҷониби ў ёзонда майле пеш омад Ромиз.
— Баробари офтоб, – ҷавоб дод Саида ва ба Ромиз чунин расид, ки Офтоб гуфта, ў Ҷаҳонороро дар назар дорад; чаро чунин фикр ба сар омад, худаш намедонист.
— Шаб хабар нагирифтед, саҳар...
Ромиз хамёза кашид ва давоми сухани Саидаро нашунид. Ў бо чунин рафтораш «мон ҳамин гапҳоро» гуфта, боз ҷониби ў даст ёзонд.
— Нанеш? Нанаҷонаш! – садои Хола-мулло омад.
Саида тозон баромада ҳаросон сўи Хола-мулло нигарист.
— Мулло-амакашон мегўн, ки то писарамон наояд, ширчой намехўрем.
Ромиз ҳайрон шуд, китф дарҳам кашид ва ба Саида ишора кард, то чӣ ҷавоб диҳад? «Ҳозир гўед!» луқма дод Саида. «Хўш!

пешина
аз 428
навбатӣ