Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ҳозир, Хола-мулло!» аз дарун ҷавоб дод Ромиз, зеро дасту рўи ношуста назди Хола-мулло баромаданро раво надид. Ва баъди дасту рўй шустан худро сабукрўҳ ҳис карда, дартоз аз дарвоза баромада аз нонвойхонаи он тарафи кўча ҳашт нон овард. «Ассаломун алайкум!» гуфта аз дари Хола-мулло дохил шуд. Нонро рўи хонтахта гузошта, назди мўйсафед, ки кундасурат менишаст, гузашта, хам шуда, даст ба вохўрӣ дароз карда, аҳвол пурсид.
Дар паҳлўи мўйсафед гаҳвора меистод; гаҳворапўш махмали сурх буда аз болояш ҷилди сафеди суфӣ дошт. Ва дасти чапи мардак болои рави гаҳвора буд. Ромиз дар шигифт буд, ҳеҷ чиз намефаҳмид. Се-чор рўз пеш Хола-мулло хоҳиши аз иҷорахона кўчиданро карда буд, имрўз ин эайл муомила дорад. Сари пирамард хам. Истоди ў хаёли Ромизро боз ба муомилаи Хола-мулло бурд.
«Мулло-амак низ ҳамон гапро бояд гўяд: «писарам, илоҷатонро ёбед». Вале ў хомўш, ба ягон чиз, ба ягон кас нигоҳ намекунад, гўё фикри ҳеҷ чиз ва ҳеҷ касро надорад. Аҷаб, ки даст бар рави таҳвора дорад; нагирад, наҷунбонад... «Рў амри ширин, забони Мулло-амак нагардад ба сухан...»
Хонаро бўи нони гарм фаро гирифт, баъд бўи ширчой омад, ростӣ, зери забони Ромиз об кушода, меъдаашро ковиш дод, вале Ромиз дар дил аҳд кард, ки ба ширчою нон «марҳамат» гўянд, «Ташаккур, шикамам сер» гуфта сирр бой надиҳад. Агар рўи соҳибхонаҳо барои он гапро гуфтан нашавад, худи Ромиз «Мулло-амак, ман ҳамаашро мефаҳмам, ба ҳамааш тасанно, лекин то хона ёфтанамон дар ин мавзўъ гап назанед» гўяд. Аммо на онҳо гап кушоданду на Ромиз ин чизро гуфт...
Рўи хонтахта як шиша «олуболу» буд. Чойники ҷилодор меистод, ду пиёла пасрў буд.
— То писар набиёяд, ширчойро накаш, гуфта шиштен, гардам,
– ба мардакаш ишора кард занак ва як коса ширчойро назди Ромиз гузошт ва ба назди шавҳараш косаи холӣ монд. Ромиз одоб кард ва кори занакро саҳв пиндошта, косаи ширчойро назди мардак гузошт.
— Не, гардам, ин кас ширчой намехўранд, – гуфта шишаи «олуболу»-ро гирифта, пўки даҳонашро кушод ва ба коса «майи сурх» рехт, – хўроки ин кас ҳамин.
— Бад не, – гуфт Ромиз, вале ҳайрон буд.
— Ин чиз ба ҳар кас намефорад, писарам, – бо ёрии дастонаш пеш лағжида гуфт мардак ва ба косаи шарбат нон реза кард. «Тамоман аҷиб» – аз дил гузаронд Ромиз ва як газ нонро ба ширчой зада ба даҳонаш бурд.
— Нон пора кунед, гардам, равған андозед, – хоҳиш кард занак.
— Мешавад, – гуфта Ромиз боибо ба ширчой нон зада мехўрд ва дуздида ба мардак менигарист, ки коса сари даст гирифта, нони дар шарбат фаллашударо зуд-зуд ба даҳон меандозад ва саросемавор аз шарбат ҳўрт мекашад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо