Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мардак бо дастмол даҳонашро пок кард, лаб ва ришашро ҳам ва баъд «шукр» гуфта чӣ қадаре ки вақти ба коса даст бурдан ба пеш омада бошад, ҳамон қадар пас лағжида, гўё ба нуқтаи муқаррариаш қарор гирифт. Баъд пойҳои ҷуроби рангаи помирӣ пўшидаашро бо ёрии дастон қафо кашида чорзону гардонд.
Ба назараш, ки Ромиз мардакро бори аввал мебинад. Моҳи ҷаҳорумин аст, ки дар ҳавлии ў, вале то ҳол нашинохтааст. Ҳавлиашро ҳам дурусттар аз назар нагузаронидааст, ки гирдогирдаш олуболузор аст, Хола-мулло шарбат месозад. Хонаи онҳо ду даромадгоҳ дорад. Яке ҳамин дари рў ба рўи дарвоза, ки меҳмон бо зинаҳо ба ин хона дарояд. Дигаре роҳи гирдгардони пушт, ки мошин меравад. Бар қадди хона долони дарозест, ки мошини москвичи дар шишаи пасу пешаш ҳарфи «Р» навишта меистод.
«Р» – мошин бо даст идора мешавад, мошина дами дар меистад, дараш ба дари хона кушода мешавад. Пирамард бо мадади Холамулло ва ёрии дастонаш аз мошина фурояд ва худро бо азобе ба аробачаи маъюбӣ гирифта, бо зўрӣ онро ба ҳаракат дарорад ва гумон кунад, ки ба тахти равон нишаст. Хурсанд ва аз ким-киҳою ким-чиҳо миннатдор. Ҳар гоҳ ки дилтанг шуд ё Хола-мулло ҳаваси сайру саёҳат кард, мошин барорад; зеро ҳолате дорад, ки набояд гапи Хола-муллоро гардонад. Гапи ў – қонун.
— Гардам, Мулло-амакатон мегўн, ки кўдакро гаҳвора мекунем.
Ромиз ба фикру андеша рафт.
— Ман ният кардагӣ, баччем, – гуфта Мулло-амак аз кисаи чап рўймолча баровард. – Ман бисёр тўй хўрдагӣ, аз мардум қарздор... Ба кӣ монад ин чизу чораи ман? – рўймолчаро зери чашмонаш бурд.
Ромиз ба Саида нигарист. «Намефаҳмам, Саида». Саида сар хам кард. Хола-мулло тоқат накарда аз дар баромад.
— А? Писарам, ба кӣ монад? Барои кӣ мекунам? – такрор кард Мулло-амак.
— Мардак, мегўм... – гиряи гулўгир дар берун фурў нишонда омад Хола-мулло.
— Эй, занак, ту чия медонӣ... – Гўё алами дил ногуфтанӣ бошад, ҳамин қадар гуфт Мулло-амак ва дамаш дарун зада сурх шуд.
— Майлатон, Мулло-амак, шумо хурсанд бошед, шуд, – гуфта Ромиз боз ба Саида нигарист ва сари хами сўро дида, ба Холамулло зеҳн монд. Хола-мулло занаки солори пухта, тавонад дар ҳама шароит ва вазъият худро даст гирад. Абрўвони ў аз асаб буд ё аз андешаи дигар, ду-се бор парид. –...лекин ман чӣ хизмат кунам?

пешина
аз 428
навбатӣ