Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳо, ман пай бурдам, ки шумо маро дар он дуриҳо дидед...
Ромиз ба ин маънӣ нагуфта буд; дур не, балки наздик дидам, аҷиб дидам, афсонавӣ дидам, гуфтанӣ буд, вале Ҷаҳоноро миёни нияти ўро шикаст. Сонӣ Ромиз барои ҳамагуна андешаҳоро аз сар дур кардан ба теппаҳои сўхта, вале пистазору бодомзор ва себзори атрофи қабристон нигарист ва нигоҳашро ба гўри Ғиёс қарор дод.
Бо Ғиёс видоъ кард, чунон видоъ кард, ки ҳатто Ҷаҳонорои дар паҳлўяш буда пай набурд. Ромиз ба хоктўдаи қабри ў чашмак зад
– мижа таҳ кард. Ин хел мижа таҳ карданҳои Ромизро Ғиёс медонист, медонист, ки Ромиз чунин ҳаракатро ҳамчун сипосгузорӣ, миннатдорӣ мекунад ва боз ў фаҳмонад, ки осуда бошад, Ромиз кори аз дасташ омадаро хоҳад кард, ҳоло низ ў гумон дорад, ки Ғиёс аз зери хок ба ў менигарад, ўро мебинад, вале Ромиз ўро дида натавонад, мисле ки тамошобин одами киноро дида тавонаду одами кино ўро на. Барои ҳамин Ромиз чашмак занад; ба хотири рўзҳои гузашта: «Бубахш, акаи Ғиёс, хабар гирифта натавонистам.
Маълум ки аз театр ҳам хабар намегиранд...»
— Ташаккур, Ҷаҳоноро, – рў овард Ромиз.
— Барои чӣ ташаккур?..
— Ўро фаромўш карда будем. Наздиктарин дўстонаш ўро фаромўш карда буданд...
— Ромиз... – чизе гуфтанӣ буд, вале худдорӣ кард.
— Чизе гуфтанӣ будед, Ҷаҳон...
— Ҳамин сухани шуморо такрор карданӣ будам... – худдорӣ кард ў, вале дар асл дигар чиз гуфтанӣ буд: гуфтанӣ буд, ки одамон зиндаҳоро, ки аз чашмашон дур шуд, фаромўш кунанд, чӣ монад ба мурдаҳо, ин чизро худи Ромиз медонад, гуфта ҳарф назад.
Баъди чунин худдории ў Ромиз ба андеша рафт, ки чаро суханашро гуфта натавонад, шояд сухан аз ин хусус набошад, шояд ба ў ятон чиз гуфтанӣ бошаду шарм кунад, ба ҳар ҳол нафаҳмид...
Шояд ў дониста ва қасдан актёрро ба қабристон оварда бошад, ки аз оқибати оқибатҳо огоҳ шавад, андеша бикунад, қадри одамро донад ва ўро ба худаш шиносонад: ў донад, ки кӣ ҳаст? Чаро лофи одамгарӣ, худҷўӣ, худшиносӣ кунаду аз наздиктарин касаш, ки «ака, акаи Ғиёс» гўяд, то ин дараҷа бехабар аст...
— Муроди мо аз баландӣ шаҳрро тамошо кардан буд, Ромиз,
– ўро аз банди андешаҳо озод карданӣ шуд Ҷаҳоноро.
— Ҳо, мақсадамон ҳамин. буд... Лекин... Бубахшед, Ҷаҳон, ман намехостам, ки чунин шавад.
— Ин чиз лозим, Ромиз. Ҳар кас бояд сари чанд вақт қабристонро зиёрат бикунад... Акнун мегардем, дер шуд....
— Шаҳр...
— Ман шаҳрро тамошо кардам, Ромиз... Вақте ки шумо аз уфуқ чизе меҷустед, ман шаҳрро тамошо кардам... Шабашро ҳам аз баландӣ тамошо кардаам... Ин хел нигоҳ накунед. Вақте ки аз Вахш шабона бармегаштем, аз ағбаи Фаҳробод шаҳри фурўзонро тамошо кардам.

пешина
аз 428
навбатӣ