Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ягон афсона ин хел шаҳри чароғонро тасвир накардааст...
...Ромиз намехост, ки бо чунин аҳвол баргардад. Ў каме истода, боз болотар рафта тамошо карда, ба худ омада, сонӣ баргаштанӣ буд, вале кор ранги дигар гирифт. Ҷаҳоноро беқарорӣ кард... «Як дақиқа» узр гуфт Ромиз ва батоз сўи устохонае, ки назди дарвозаи қабристон буд ва ҳамагуна панҷараҳои рўи гўрро тайёр мекард, рафта аз устоҳо нарху навои онро пурсид ва баргашта, ба Ҷаҳоноро «рафтем» гуфт...
11
Рўзи дигар «волга»-и сиёҳ аз дарвозаи қабристон ворид шуда рў ба рўи устохона бозистод. Аз мошин Ромиз, Хуршед ва Ҳамза фаромаданд. Ромиз як назар дид, ки ҷавонписаре панҷараеро базўр кашола мекунад; пирона миён дуто карда зўр мезанад, вале бурда наметавонад. Як назар диду ҳамроҳи ёрон сўи устохона рафт. Усто бо кори худ овора буд. Барои он ки плон пур нашуда намонад, сар аз кор намебардошт. Медонист, ки мизоҷҳо барои чӣ омадаанд, барои ҳамин корашро давом медод. «Бечора бачча»
сўи ҷавонписар нигоҳ карда гуфт Ромиз.
— Ҳа-а, ўро мегўед? – ниқоби тунукагии айнакдор тори сар тела дода ва қомат рост карда гуфт усто, каме оташи васлчароғашро паст кард ва сар ҷунбонд. – Аз афти кор бечора сағир аст, ки... Хўш, хизмат?
— Мо ҳам панҷара фармуданӣ, – рў овард Ромиз.
— Марҳамат, ҳо он ҷо мудир, кассир... қабристон бесоҳиб не...
Лекин ун сағирро бинед, зўраш намерасад, гиря дорад... Ягон-ягон писарҳое ҳам ёфт мешаванд, ки ба қадри падар расанд. Бечора кўдак, лекин ба падараш хизмат кардан мехоҳад...
Ромиз боз ба он тараф нигарист. Писарак панҷараи вазнинро рўи роҳ монда, гирист. Маълум, ки зўраш намерасад, то панҷараро кашола кунад. «Кӣ бошад он бачча? Шинос барин...».
Писарак рост хеста ҷониби онҳо нигарон истод. Ромиз ҳам ҳолати ўро дида гўё арзи ҳол мекарда бошанд, зеҳн монд.. «Амак, амаки Эзоп!» ба гўши Ромиз чунин садо омад, вале ў намедонист, ки ин садоро дигарон низ шуниданд ё на? «Ту ба он бачча ёрӣ доданӣ ҳастӣ, Ромиз?» пурсид Хуршед. «Ҳа», ҷавоб дод Ромиз ва пай бурд, ки онҳо овози баччаро нашуниданд. «Ин хел бошад, мо рафта панҷара фармоем, ту ўро мадад бикун». «Ҳозир» ба онҳо нигоҳ накарда ва аз бачча чашм наканда ва даст сўи ёрон бардошта гуфт ў. «Амак, амаки Эзоп!» боз ба гўши ў бод ин садоро овард. Дар дили Ромиз ғулғула афтид. «Маро Эзоп мегуфтанд:
Ғиёс мегуфт, вале ин кӣ бошад?» Ромиз ба ёронаш нигоҳ кард, ки нестанд, ҷониби бачча равон шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо