Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Бачча низ сўи ў омад ва янбора тез гашта худро ба оғўши ў партофт. «Амак, амакҷон!»
— Ниёз!? – Ромиз сари писаракро сахт ба сари синааш пахш кард. – Ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
Писарак ба ҷои ҷавоб гиря кард. Ў аз оғўши Ромиз раҳо шуда дастон бар рўй кашида ҳу-ҳу гирист ва барои ба Ромиз ятон чиз гуфтан гиряро бас карданӣ буд, ба ҳиқ-ҳиқ даромад.
— Гиря накун, Ниёз... Чӣ хел ту як худат...
Магар ў ин хел саволро шунидан намехост, ки сари по нишаста гиряро давом дод.
— Азоб кашидӣ? Вазнин?
«Не» сар ҷунбонд писарак.
— Пас чаро гиря мекунӣ?
— Ме-метар-сам.,:
— Аз кӣ?
— А-аз қабри дадем....
Ромиз хомўш монд, чӣ гуфтан, чӣ пурсиданро намедонист.
Ҳамин қадар донист, ки ҳоҷати панҷара фармудан нест. Бояд рафта ба ҳамраҳон бигўяд, ки дер мондаанд, пеш аз онҳо панҷара фармудаанд, вале чӣ хел ин кўдакро танҳо ба ин кор вобаста кардаанд.
— Кӣ панҷара фармуд?
— Намедонам, – ба замин нигоҳ карда ҷавоб дод писарак.
— Модарат?
— Не.
— Худат?
— Не.
— Модарат не, ту не. Боз кӣ фармуданаш мумкин? Театр ҳам ин корро намекунад... Пас кӣ? Мо – дўстони падарат ҳам ин корро накардаем, акнун ба ҳамин ният омадем, ана онҳо мефармоянд...
— Лозим не, шуд. Гўед, ки нафармоянд...
— Биё ҳамроҳ рафта гўем, лекин ту донӣ, ки инро кӣ фармудааст... Донию нагўӣ.
Писарак хомўш монд. Ў тасдиқ мекард, ки донад, донад, вале нагўяд.
— Модарат донад, ки ба гўри падарат панҷара фармудаанд?
— Не... – ҳамроҳи Ромиз қадам зад писарак.
— Агар фаҳмад?
— Кори театр, мегўем...
Ромиз онҳоро аз дари касса гардонд, то панҷара нафармоянд.
Вале фикраш дигар буд: «Ин чӣ асрорест, ки писарак нагўяд.»
— Ягон кас қасам дод, ки нагўӣ? – писаракро боз ба роҳи омада баргардонда пурсид Ромиз.
— Ҳа, қасам дод, лекин шумо ўро нашиносед... Ў хеши дадем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо