Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Дар натиҷа дар экран чӣ намоиш медиҳанд, фаҳмида нашавад: баъд мебинӣ, ки қаҳрамон баъди дасташро шустан меафшонад, мебинӣ, ки дигараш пиёлаҳоро болои ҳам монда аз теппааш чой мерезад, мебинӣ, ки фаши салларо аз бари рўи рост мондааст... ва ҳоказо. Ромиз дар ҳамин хусусҳо низ андеша мекунад. Ва ҳамаашро дар он мебинад, ки каси дилсўз нест!.. Ў бисёр чиз хоҳад, вале надонад, ки кас ҳама чизи хостаро дарёфт карда натавонад, талабаш қонеъ нашавад, худро идора карда натавониста, оқибат-ул-амр ба ягон тараф лағжад... Баъди андешаи зиёд коғазу қалам гирифт ва дар корхонаю хона шаборўз фикру мулоҳиза кард ва як рўихати дароз тартиб дод: «Ревизор»
– дар масъалаҳои рўз – хаёл мекард ў. – «Котиби райком» (котиби наве, ки корҳои бесомони районро сомон мекунам, гуфта тамоми ҳаромхўрону нопокдилонро ба худ зид кард ва...) ё гуфти мухбир «Қисмати Садафмоҳи механизатор»..., Ў андешаҳояшро хулоса кард, вале барои намоишнома ягон чиз интихоб карда натавонист: Худро ба дарё андохтани духтараки аз дасти модаршў ҷабрдида, худро оташ задани арўси шавҳараш дар хизмати ҳарбӣ буда, аз дасти зан худро овехтани марди дигар... ва монанди инҳо магар мавзўъ шуда метавонанд? Не, албатта! Адабиёт кори беақлӣ нест. Адабиёт мубориза, ғалаба, баландназарӣ ва олиҳимматӣ аст. «Душвор, хеле душвор!» дар дил хитоб кард ў, сонӣ ба назараш осмон чунон баланду бетаҳ шуда рафт, ки... Ў ба осмон нигарист: аз он ҷо ҷуз ранги «зебо» дигар чизе дарёфт кардан муҳол аст. Вале ў акси худро дар ин оинаи азим дидан хост.. «Беҳуда, ҳамааш беҳуда!» чиро дар назар дошта рў тофта чунин гуфтани ў маълум набуд. «Бо чунин назарҳо намешавад, барои худро дарёфтан мубориза бояд»...
Ромиз серкор набошад ҳам, серташвиш; вақт наёбад, ки рафта аз Ҷаҳоноро барои беэътибории оншаба узр пурсад. (Ромиз чунин андешад, барои занак аҳамияте надоштагист.) Аз дили ў баровардан хоҳад, лекин чиро? Худаш надонад. Рост, надонад, ки ў хафа аст ё ки ягон мулоҳизаи дигар дорад? Ҷаҳоноро нафаҳмида омада буд, шояд барои ин хафа ҳам бошад; ҳар чи бошад-набошад, Ромиз бояд ўро бинад, лекин чизҳои дигар халал расонанд, ў яқин дорад, ки боз ҳамон ҳофизи шикамкалонро назди дарвозаи ў дида, табъаш хира шавад ва беҳтараш, ки наравад... Ў то қариби фурўрафти офтоб дар корхона нишаст. Чун офтоб охирин нури дар девори ҳуҷра нақш бастаро бозгирифтанӣ шуд, ў бархеста берун омад. Хона рафтанӣ буд, аммо пойҳо ўро ба дигар тараф бурданд.
Ў боз сўи гулгашти Ҳофиз равона шуд, лекин ҳеҷ намехост, ки он ҳофизро бубинад; намехост, вассалом! Гўё ў ба мулоқоташон халалгор мешуда бошад; ё Ҷаҳоноро аз барои ў ба Ромиз-аҳамият намедода бошад, Ў пои рафт боздошт. Замини аз як панҷа борон нам гирифта гўё намехост, ки ин марди дилсафеди некният болояш қадамҳои беҳуда гузорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо