Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ва ҳамчунон шуд: Ромиз аз бозхости замин огоҳ гашта, қадам боздошт; ба атроф нигарист: чунон ки мўрчаҳо аз омади борон бўй гирифта пешакӣ ба хафол дароянд, мардум дар кўча натобанд; аз ҷумла ҳофиз. Ҷаҳоноро низ наметофт. Ё шояд айби хазонрез бошад, ки дарахтонро урён карда, сари роҳу даруни ҷўйҳо ва майдонҳоро хазонпўш карда буд; то андозае ҳузнангез; касро ба кунҷ кашидан мехост, аммо ин фаслу чунин айём Ромизро хушу гуворост; ўро ба фикру андеша мебурд, сабаб мешуд, ки дар бораи худ ва кору ёр мулоҳиза кунад. Гумон дошт ба ин дарвоза ояду ўро бубинад ва асабаш андаке ором гардад, вале шўридатар шуд торҳои асаб бе ҳеҷ сабаб. Одатан ў дар бораи образҳо ва нақшҳо фикру хаёл мекард: камро зиёд ва зиёдро кам мегардонд; пурра мекард, чизи нав меҷусту меёфт, характерҳоро бақувват мекард; қаҳрамонро шаҳомат мебахшид. Аммо ҳоло дар бораи ягон образ фикр надорад; дили сардгаштаи ў нарм шудааст, фикру андешаашро дигар чизҳо бурдаанд: дар бораи Ҷаҳоноро, дар бораи мудир, дар бораи раиси шаҳр, дасисабозиҳо, аз сари худ ташвиш дур кардани соҳибмансабҳо, дар бораи онҳое, ки дар ин чанд рўзи охир дучорашон омада, сўҳбаташонро шунидааст, фикр мекунад; ба ў лозим аст чунин фикр кардан? Лозим нест!
Лекин ў аз тақдири одамӣ андеша дорад; дар бораи одами боақлу бошуур, ки оламро ба ташвиш андозад, кори оддии аз дасташ меомадаро мураккаб созад; ҳама чизро номумкин ва лоимкон гардонад. Пас ҷон коҳонида, заҳмат кашида, аз саҳна ба мардум панд гуфтану эшонро ба роҳи рост хондан чӣ маънӣ дорад? Пас хоб ҳаром карда, аз байни талотумҳои зиндагӣ панду ҳикмат ҷуста, мардумро ба некию хубӣ талқин кардан чӣ ҳоҷат дорад? Наааа...
бо «ҳалво» гуфтан даҳон ширин нашавад. Айб дар ош аст ё дар мош, касе фарқ накунад.
Ромиз бо пайроҳаи қирпўш на, балки байни дарахтону буттазорҳоро хазон зер карда гузарад. Касе аз канор ўро бубинад, гумҷўяш пиндорад: сараш хам, дастон дар кисаи плаш, сустгашт; гўё ҳар дарахт, ҳар бутта ва ҳар барги хазони зард, сафеду кабудчатоб ва ниҳоят хасу гулбуттаҳои хушкшударо аз назар гузаронад.
Касони раҳгузар, мошинаҳо ва сагони дайдуро набинад... Дарвозаи Ҷаҳонороро кўфтанӣ шуд. Ҷуръат накард. Ба атроф нигарист. Аз болодарии дарвоза тугмаи зангро ёфта пахш кард: як бор пахш кард, вале дилаш бешумор зад. Дуздона гурехт. Ва он тарафи роҳ гузашта дергоҳ нигарон истод, ки ягон кас барояд ё на; касе набаромад. Ў ба хулосае омад, ки ба тугмаи занг даст расонидаасту пахш накардааст. Ромиз аз гаштану андешаи зиёд чунон монда шуд, ки пойҳояш на хазон пахш мекарданд, балки рўфта-рўфта, қадам ба қадам пеш мебурданд. Ў умед аз дидори Ҷаҳоноро канда, рафтанӣ буд, ки ба пешвозаш касе омад. Дар партави чароғи симчўбҳо Ромиз ўро зуд шинохт ва ҳайрон монд, ки дар чунин новақтӣ аз куҷо меояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо