Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин чизро Ромиз ҳазорҳо бор хондааст, садҳо бор аз филмҳо дидаю шунидааст, вале одамиро ислоҳ кардан сахт будааст.
Ў дар дили шаб хоболуд фикру хаёл кунад, вале нафаҳмад, ки чӣ андоза барояш зарар дорад, дилашро дардманд гардонад, пираш кунад. «Бигузор, бигузор дилам дардманд шавад, чӣ лозим диле, ки дил набошад, дард накунад ва дилеро ба даст оварда натавонад?.. Чӣ лозим умре, ки самар надошта бошад? Бигузор нобуд шавад он дил, бигузор кўтоҳ шавад ин умр!..» Баъди хулосаҳо оинаи рўи мизро бардошта худро дид. «Наход, ки ту девона шуда бошӣ?» пурсид аз худ ва дурусттар нигоҳ карда чаккаҳои сафедашро дида, дилаш фурў рафт: «Барвақт нест, бачча?» пурсид аз худ, вале ҷавоб дода натавонист. Бо вуҷуди он ки лаҳзае пеш ба умри бесамар кўтаҳӣ мехост, дилаш таҳ зад: «Барвақт, ҳеҷ кор накарда... Хуб не... Тамоман хуб не... Мақсаду мурод ин набуд... Ҳо, ин набуд мақсаду мурод. Аз дар даромада аз дарича баромада рафтан мисли он аст, ки тифлро дар шиками модараш кушта бошанд. Гарчи роҳи умри инсон чунин бувад: аз шиками модар ба шиками модар – замин. Бояд аз зиндагӣ ҳаққи худро биситонд, аз бедодиҳо доди худро гирифт». Вале Ромиз ин корро ба сомон расонда натавонад. Гарчи шиораш – «мубориза» ва бо бедодиҳо оштинопазир, вале фикраш дигар: ба инсоф ва заковати одам ҳавола кунад. Акнун фаҳмидааст, ки хатои асосиаш ҳамин аст; аз ҳама баробар инсоф талабидан хатост. Мардум маънии одаму оламро ба таври худ фаҳмидаанд ва барои ҳамин «як рўз бошу хурўс бош» гўянд. Ҳо, «як рўз бош», вале дар ин як рўз ҳаққи шастсола биситон. Зеро умр як рўз аст; дигар рўзҳо такрори он. Чун аз дар дароӣ, то ба дарича расидан бинигар, ки дар ин масофа чӣ чизҳо сари роҳат ҳаст? Чун дар ин роҳи кўтоҳ ва фурсати танг ин чизҳоро аз худ карда натавонистӣ, бидон, ки ҷуз хок косахонаи чашми туро чизи дигаре пур карда натавонад.
Ў барои моли ҷаҳон парво, талаб ва дилкашолие надорад, вале ба орзуяш нарасад, пурармон меравад.

6

Ўро кинорежиссёри номдори тоҷик дар зери воишҳо ва байни
гулбуттаҳои урён, ки онҳо аз табиат ҷон ва равони тоза умед
доштанд, мунтазир буд. Қадам мезад, андеша мекард ва аз худ
мепурсид: «Агар хато карда бошад?» Баъзан режиссёрон аз нависандагон ҳам одамшиностар бошанд, вале сахт хато ҳам кунанд,
хатои аввали кор ошкор шавад, хуб, вале миёни корро шиканад
– бад. Наход режиссёри пуркор аз байни ин қадар актёрони хонда Ромизро боло гузошта бошад? Ромиз ҳам ҳамин чизро фикр кунад ва донад, ки режиссёр ҳама саргузашти ўро донад ва шояд аз воқеаҳои имрўзаи телевизион ҳам огоҳ бошад.

пешина
аз 428
навбатӣ