Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ў ба дарвозаи кикостудия наздик шуд ва аз дарбон рухсат гирифта, ҳуҷҷат намуда, даромад, вале дилаш беқарор буд, ки ўро хушрўякак аз дарича гусел кунанд.
— Ассалому алейкум! – ба режиссёр салом дод Ромиз, вале тамаллуқкорӣ накард. Ҳамту оддӣ салом дод ва интизор шуд, ки ў чӣ гўяд. Ў алейк гирифт саломи ўро ва рост ба чашмонаш нигарист. Ромиз низ чашм аз чашми ў барнагирифт, гўё фаҳмид, ки режиссёр имтиҳонаш кунад. Ҳар ду хомўш мисли хирсу сайёд ба чашмони ҳамдигар нигаристанд. Чашмони хаёлманди Ромиз, ки ба ин зайл нигоҳҳои дуру дароз одат карда буданд, мижа назаданд ва режиссёр низ хирссифат тоқатовар буд, вале якбора мисли хирсе, ки чашми сайёд чашмашро бурда бошад, наъра кашид – баланд хандид ва даст ба китфи Ромиз сахт зад. Ромиз наҷунбид, гўё ин шарти дуюми имтиҳон буд, вале худи Ромиз ин чизро надонист.
Режиссёр боз баланд хандид ва танҳо ҳамин вақт Ромиз табассум кард.
— Мегўянд, ки ту бисёр хандон шудаӣ? – пурсид режиссёр.
— Рост, ду-се рўз боз...
— Чаро?
— Маҷбур карданд, ки хандам.
— Вагарна намехандидӣ?
— Не...
Паҳлўи ҳам қадам мезаданд. Режиссёр андеша мекард, мазмун, ҳоло ҳам ба хулосае наомада буд. Вале Ромиз интизор, ки чӣ мегуфта бошад.
— Фаҳмидам, ки Маскав мерафтаӣ?
— Барои чӣ?
— «Рўдакӣ»-ро мебурдаӣ.
— Хабар надорам...
— Ҳамин хел гап ҳаст... Хайр, нағз... Ку рафта биё...
«Масъаларо норавшан монд режиссёр ва баъд ин чиз ба ў чӣ дахл дорад? Магар аз ин чиз филм бардоштанист? Чаро не?..»
— Барои ҳамин ҷеғ зада будед? – беихтиёр пурсид Ромиз.
— Не-е, – овозаш ларзида ҷавоб дод ў ва худро бой надода, афзуд: – Барои Хуршед... Ў Сўҳроб шуда метавонад?
— Метавонад! – қатъӣ гуфт Ромиз.
— Рост, бояд тавонад...
— Метавонад, ман – кафил... – гуфт Ромиз ва дар дил мепурсид, ки чаро ин чизро бо ў маслиҳат мекунад. Ў одами номдор аст ва маслиҳатгарони зиёде дорад. Чунин маслиҳат карданаш... ростӣ, касро ба ташвиш мононад. – Меҳмонҳо рафтанд?
— Рафтанд.
— Кӣ Рустам шуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор