Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ҳоло маълум не...
Ромиз ба пурсидан пурсиду баъд пушаймон шуд. «Лозим набуд». Баъд аз рўи одат сар боло кард ва осмони нилгунро дид, ки дар ягон гўшааш ғуборе ё абре набуд. Одатан, чунин рўзро «Наврўз» ё «Сари сол» гўянд, вале ҳоло то Наврўз бист рўзи дигар ҳаст. «Наход барои Маскавравиамро гуфтан ва ё Сўҳроб шудан ё нашудани Хуршедро донистан ҷеғ зада бошад?.. Не, аз фикраш гашт...»
— Ман мефаҳмам туро, Ромиз, – ўро як қад парронд режиссёр, ки андешаҳои ниҳонии ўро дарёфта бошад. – Фикре, ки ту дорӣ, сомон карданаш кори осон не... рўирост мегўям; гумон накун, ки режиссёрон кўтоҳандешанд... Не, чизе ки ту фикр мекунӣ, мушкил...
— Ман чӣ фикр мекунам? – гўлпурсӣ кард Ромиз..
— Мехоҳӣ, ки Эзоп бошӣ, шоҳ Лир бошӣ, Рўдакӣ бошӣ ва баъд Рустам бошӣ?..
— Устод! – кўдаквор ва ғайриихтиёр хитоб кард Ромиз ва хост дар ин саҳни васеъ, ки ҷо-ҷо барфҳо хобида ва ҷо-ҷо кошаяхҳо об шуда аз шуои офтоб ҷило медиҳанд ва мисли саҳнаҳои баъзе филмҳо орому хомўш, режиссёри номдорро оғўш карда бўсад, вале боз худдорӣ кард; зеро яқин дошт, ки бо ҳамин калимаи кўтох, ки ҳазор сол боз бузургон эҳтироми ҳамдигарро медоранд, дар дил чӣ доштану дар забон чӣ оварданро ба ў фаҳмонад ва гумон кунад, ки марди пуррапайкари хандонрў муроди вайро фаҳмид.
Худи ў низ аз ин ҳарф дар фикри амиқ рафт.
— Ҳамаи инҳо будан натавон, ҳама умр некӣ кардан натавон ва ба ҳамаи некиҳо некӣ дидан натавон... – ҷавоб мехост, ки хомўш монд, аммо Ромиз чизе нагуфт, гўё гапи дигар лозим набуд,
– Замони мо дигар, талабамон дигар, идеаламон дигар.
Режиссёр барои Ромиз гапи бисёр нагуфтааст, вале Ромиз гумон кунад, ки кам ҳам нагуфт, бо ин сўҳбати кўтоҳ ва ростою сарироҳӣ ў ҳама гапро гуфт, актёрро мутеъ кард. Ромиз аз ғурур фаромадааст ё чунин муомилаю муносибати падаронаро надидааст ва ё хамин шабу рўз ба чунин суханҳо эҳтиёҷе дошт, ки об шуд, гардан фаровард ва ҳатто чӣ ҷавоб гуфтанро надониста «Ташаккур устод» гуфта боз интизори сухани ў шуд.
— Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз! – насиҳат буд, ҷавоб буд ё барои худ буд, ки бо тақтею оҳанги кадамгузориаш гуфт режиссёр ва Ромиз ба худ кашида сар андохт. Режиссёр пай набурд ва надид, ки Ромиз баробари сар хам кардан чӣ сурху сафед шуд ва боз нафаси амиқ гирифта дами худро рост кард ва арақи пешонии зери телпакашро (як ангушт дароварда) рўфт. «Ба рўйдодҳои телевизион ишора мекунад» аз дил гузаронд ў ва хаёлаш, ки режиссёр ба ў рў меорад, «хайр» гуфта даст дароз мекунад ва бо ҳамин масъала тамом ва норавшан мемонад. Як вақти дигар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор