Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Чунин мулоҳизарониҳои Саида на аз барои он аст, ки Ромиз барин шавҳари боандеша дорад, балки барои он аст, ки ў дар оилаи дуруст тарбия ёфтааст ва ҳар боре ки назди падару модараш равад, боз ҳамон гапҳои такрорро шунавад: «Ба шавҳарат ақл нашав, забонбарзани шавҳар мабош, ба ҳар гапу калоча ҳамроҳ нашав, кунҷкобӣ накун, ҳар корро пешравӣ назан, аз худат гапи дурўғ мабоф, дурўғ гуфта, рост шунавам, магўй...» ва ҳоказо. Падараш ҳам, модараш ҳам муаллимони номдори район, ҳоло ҳам Саидаро шогирди мактабӣ гумон карда аз насиҳат намонанд. Саида, ки чунин тарбия гирифтааст, муомилаи андаке пеш аз ҷониби зани Соҳиб ба миён омада ўро сахт парешон кард. Ў лаб газид, чизе гуфта натавонист. Чӣ мешуд агар Ромиз ба мисли зани Соҳиб зан медошт? Шояд ўро ҳушёртар мекард ва ё аз ин рўзаш ҳам батар: таънаборон мекард, маломат мезад, роҳу тариқи зиндагӣ мегуфт, маҷбур мекард, ки мисли Соҳиб аз телестудия ба киностудия ва аз киностудия ба телестудияву радио тохта зиндагиашро дуруст кунад: агар зиндагӣ аз хўрдану пўшидан иборат бошад. Саида надонад, ки шавҳараш дар чӣ хусус фикр кунад, вале Ромиз донад, ки завҷааш ғами ўро хўрад. Дар ҳақиқат Ромиз андеша кунад, ки зани ў низ мисли зани Соҳиб мебуд, ҳолаш чӣ мешуд. Хоки Саида дигар: ў зан шуда ҳоло ба рўи шавҳар нигоҳ карда гап назадааст, ягон бор нагуфтааст, ки дўсташ медорад, ё нагуфтааст, ки мисли дигар занҳо ин надораду он надорад. Ягон бор ба рўи шавҳар надавидааст ва баҳонае надодааст, ки Ромиз ўро ранҷонад, фақат аз театр рафтани ў ба Саида маъқул нест, зеро ў донад, ки Ромиз бе театр зинда нест, чунон ки моҳӣ бе об. Саида ҳар қадар эҳтироме ки дорад, ба воситаи оромӣ ва бурдбории худ ифода кардан мехоҳад... Боз кӣ медонад? – оламу ҳаводис. Одамро одам вайрон мекунад, мегўянд. Як хубиаш ҳамин ки Саида дар шаҳр дугона надорад, зеро дугона-бегона, гуфтаанд. Фақат дар яке аз иҷорахонаҳо Саида бо духтари соҳибхона ҳамсоя шуд ва вақти таваллудаш, ки наздик омада буд ва шавҳараш ба гастрол мерафт, ў назди падару модараш ба район рафт ва духтараки ҳамсояро дугона дониста, мактуб навишт: содагӣ карда аз дилсўзиаш ин ҳолатро «зиндаҷудоӣ» номид. Рўзе аз рўзҳо духтараки ҳамсоя мактубро ба рўи мизи саҳни ҳавлӣ гузошт ва қасдан адресу имзояшро рўболо гузошт, ки чашми Ромиз ба номи завҷааш афтида, ҳавасманд мактубро хонад; ҳамин тавр ҳам шуд ва боре сари гап Ромиз ба Саида фаҳмонд, ки ту чунон рафтор кардӣ, ин кори хуб нест. Ҳамону ҳамон Саида дигар на дугона гирифтаасту на ҳамсўҳбат, акнун ҳамсўҳбату насиҳатгараш Хола-мулло, ки аз ин хусус баъдтар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё