Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале ҳоло Саида содагӣ кард: содагиаш аз дилсўзӣ буд. Ҳарчанд намехост, ки ин гапро аз шавҳараш пурсад, аммо тоқат карда натавонист:
— Ромиз, акнун дар куҷо кор мекунед?
— Дар он дунё! – бе исту бист ҷавоб дод ў.
Саида як қад парид. Баргашта ба шавҳараш нигарист ва то хона хомўш рафтанд.
— Ман гумон кардам, ки ту ҳазлро мефаҳмӣ... Ту зани ман, гумонам, ки аз сирру савдои ман бохабар бошӣ, саволатро гўлпурсӣ дониста ин хел ҷавоб додам, хафа нашав... Ғам махўр, дар ҷамъияти мо ҳеҷ кас бекор намондааст, ки ман бекор монам...
Бадиаш ҳамин ки имкониятамон мисли мавзеамон танг аст, вале диламон васеъ, ту дилтангӣ накун, аз дилтангӣ душмани зўртар нест... Агар се-чор театр медоштем, аз якеаш ба дигараш гузаштан мумкин буд... Институти санъат кушода шуд... Чаро гиря мекунӣ?
Чӣ камӣ дидӣ?.. – Ромиз мўйҳои Саидаро бо ангуштон шона, рўяшро сила кард, сонӣ рўйро ба рўи ў гузошта, дергоҳ хомўш истод ва шукрона кард: – Хайрият, ки ту зани Соҳиб барин не...
— Ҳамин хел боиси гапу калочаи касу нокас шуда гардед, аз зани Соҳиб ҳам бадтар шуданам мумкин, – ноз карда ва аз зери каши шавҳараш дошта гуфт Саида.
— Ин хел нагў, нафаси хунук накун, нияти нағз ними давлат гуфтаанд, ҳеҷ гоҳ нияти бадро ба даҳон магир, – гуфт Ромиз нармии гўши Саидаро молида ва баъд холи сиёҳи чашми булбул барин зебояшро аз паҳлўи рости гарданаш ёфта, бо нўги ангушт соидан гирифт. Ҳамаи лаҳзаҳои хубе, ки бо завҷааш дида бошад ёд овард.
Ў сари Саидаро ба банди дил нарм-нарм пахш кард, вале дар бораи зиндагӣ ва ояндаи худу кўдакон андеша дошт. «Бадтарин одам он, ки дар бораи рўзгору фарзандон фикр накунад». Саида хомўш истодани шавҳарашро чӣ гумон кард, ки аз зери манаҳи ў ба ноз нигарист ва даст ёзонда гардани ўро молида гуфт:
— Мо дар куҷои ин хона гаҳвора мемонем, Ромиз?
— Ҳозир одамон дар гаҳвора кўдак калон намекунанд. Дар арғунчак калон мекунанд, ин кори одамони маданӣ, вале одамони бемаданият дар замин, дар рўи хок. Ва баъд, сина додан ҳам аз мўд баромадааст, ана бо вай, пистонаки резинӣ, ки як умр аз даҳонашон бўи резин омада истад, то калонҳо таъна карда нагўянд, ки «аз даҳонаш бўи шир меояду бо ман баробар мешавад».
Ин як роҳи таъна нашунидани баччагони оянда... – Ромиз оне ба зан диққат дода, ҳайронии ўро дида, тасаллӣ доданӣ шуд: – Ман ҳайрати – туро мефаҳмам, дар куҷои ин хона арғунчак меовезем, мегуӣ. Осон. Ана дар он дорбоми хона як мехи калонро мекўбам, ресмонро кашол мекунам, марҳамат, арғунчак... Қандили ҳазорсўма чӣ лозим... Бигузор арғунчаки мо қандиламон бошад...
— Масхара мекунед?..

пешина
аз 428
навбатӣ