Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ хел масхара?.. Рўзгори худамро масхара кунам?.. Ва баъд ту гумон мекунӣ, ки мо як умр бехонаю ҷой мемонем? Не-е, ҷони ман! Мо хона мегирем, баччаҳоро аз район меорем, баъд ба верталёт савор шуда, аз баландӣ шаҳрро тамошо мекунем, мебинем, ки шаҳри мо чӣ зайл обод шудааст. Чунон дигаргун, ки шинохта нашавад: бо дурбин кобӣ ҳам, хонаҳои иҷора нишастаамонро наёбӣ... Он гоҳ надонам ту ё ман маҳмаддоноӣ карда ба кўдакон ҳикоят кунем, ки шаҳрамон чун буду чун шуд...
— Шаҳр-ку дигар мешавад, аммо одамон чӣ?
Ромиз сари занашро аз банди дил бардошта, рост ба чашмони ў нигарист ва пурсид:.
— Ту одамонро аз куҷо донӣ? – вале ба саволаш ҷавоб гирифта натавонист. Саида ба ҷои ҷавоб баргашта сарашро ба банди дили шавҳараш гузошт: – Рост гўӣ, пеш аз он ки шаҳрамон дигар шавад, одамон бояд дигар шаванд, зеро ҳама гуна ободию вайронӣ аз дасти инсон аст.

4

Ромиз паҳлў меғашту ғел мезад, рўболо мешуд, ба шикам хоб мерафт, боз паҳлў мегашт. Аз афташ, паҳлўҳояш лат хўрда дардманд шуда буданд, тоқати нафас гирифтан ва даме қарор истодан набуд. Бошад, ки сахттарин душвории рўзгор, вазнинтарин хидмати зиндагӣ, пуразобтарин кор касро ин қадар мондаю шалпар накунад, ин қадар лат надиҳад ва ин қадар дар бистари роҳат ғел нагардонад. Донад, ки барои чӣ, вале Саида сабаби чунин беқарориро нафаҳмад. Ў низ паҳлў гаштанҳои шавҳарро дида, ноором шуд, хобаш парид, аммо гап намезад, ки Ромиз боз нооромтар шуда ва асабаш вайронтар гашта, то саҳар хоб намеравад.
Ў эҳтиёт карда нафас мекашид, ки ба шавҳараш халал нарасонад ва агар имкон мебуду хонаи дигар, Саида оҳиста бархеста ба он хона гузашта, Ромизро ба ҳоли худ мегузошт, ки то охир фикру андеша карда, ба худ ояд. Ва сонӣ нафаси дар гулў ғунд омадаро фурў кашида, оҳиста-оҳиста зери лаб берун баровард. Ва чӣ шуд, ки ҳамин вақт Ромиз нафасҳои дароз гирифт, ки ба «оҳ» монанд буд. Чунин оҳ кашиданҳои ў Саидаро водор кард, ки ба андеша равад ва дар бораи шавҳар фикр кунад: «Шояд ман гунаҳгор бошам?.. Шояд ба ў зане лозим бошад, ки баробараш даву тоз карда тавонад: санъаташро фаҳмад, театрашро фаҳмад, ба кору бори ў дасти ёрӣ дода тавонад, гарданаш ёрӣ надиҳад, ки ба ман ёрӣ деҳ, гўяд. Ҳа-а, Ромиз ҳама чизро ба фаросоти инсон ҳавола кунад...»
— Чӣ? – паҳлў гашта пурсид Ромиз.
— Ҳеҷ чӣ! – ҷавоб дод Саида ба ноз ва айни замон ранҷида.
Ва сонӣ шиками дамида ба танаи Ромиз расонд, ки ҷунбидани тифли дарунро пай бурда, шояд каме ором гардад.

пешина
аз 428
навбатӣ