Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Парешон шуд, хост Ромизро бедор карда гўяд, ки аҳвол чунин аст, аммо ба душвориҳо хоб рафтани ўро дониста гап назад. «Асаб...»
чунин донист Саида ва худро осуда доштанӣ шуда, боз рўболо дароз кашида, ба осмонаи хона чашм дўхт, ки дар торикӣ чиро бинад? Ба назараш намуд, ки як сурати устухони сар, ки дандонҳои дароз-дарози баднамо дорад, ба сўи ў хандад. Саида сарашро кўрпапеч кард ва худро тасалло дод, ки ин фиреби назар аст, бо вуҷуди он нашуд, шавҳар бедор кардан рост омад: бедор карда фаҳмиданӣ буд, ки дар ҳақиқат дар осмонаи хона сурат вуҷуд дорад ва ё дар назар тобад. Ду-се бор Ромизро оҳиста ҷунбонд, аммо ў бедор нашуд: ё сахт хобида буд ва ё бедор буду қасдан нахест. «Наход тамоми майзадаҳо аламзада бошанд?.. Наход ки...
ҳа, воқеан, чаро одамон арақ хўранд? А, барои чӣ? Барои тезондани хун? Дар идора бисёр шинанд, мошинсавор ба хона рафта ба кор оянд... бо шароб ҳаракати хун тез қунанд... Ин барои идорашинҳо, лекин коргарҳо чӣ? Ҳама вақт ҷумоҷум доранд, хунашон аз ҳадду эътидол зиёдтар ҳаракат кунад, онҳо низ арақ нўшанд, чунон нўшанд, ки роҳи хона гум кунанд. Сиҳат ҳам нўшад, девона ҳам; дониставу надониста... Рост, гуфти Ромиз, ки кас надонад, ки одамон чаро зиёд бода нўшанд, агар гўем, ки фақат ғамзадаю аламзадаҳо менўшанд, гапи дигар, лекин ҳама нўшанд. Одат гўӣ, одат не, зеро ягон модар ба ҷои шир ба тифлаш арақ нанўшонад, мараз гўӣ, мараз не, зеро ҳеҷ кас нахоҳад, ки дардманд бошад....
Ин як феъли бад... Гапат рост, Ромиз: «Ғами марги бародарро бародармурда медонад»... Ҳар кию ҳар чӣ... Лекин ту барои чӣ нўшӣ, Ромиз? – баланд пурсид ў, аммо ҷавобе нагирифта боз ба хаёл рафт. – Ҳа-а, Ромиз, рост гўӣ, худат надонӣ, ки барои чӣ нўшӣ. Чизеро на кам бикунӣ ва на зиёд. Ё гапам нодуруст? А, Ромиз? Гўй, ки нодуруст. Нодуруст-а?.:»
— Нодуруст, Саида, нодуруст...
— Гўй, ки барои чӣ нўшӣ?
— Ба саломатии сари ту, Саида.
— Дурўғ нагўй, Ромиз, дурўғ нагўй, – таъкид кард Саида ва хеле хомўш истод, ки аз ў ягон садо меояд, аммо ҳарфе нашунид; такон дода ўро хезонданӣ шуд, лекин касе гўё ки ўро хоб рав-хоб рав, гуфта тасалло дода бошад, сахт чашм пўшид. Хоби ў бурда ва ё набурда Ромиз дод зада хест: «Дор, модари маро дор! Ман шиноварӣ надонам, то ёрӣ диҳам! Бидор ўро...»
— Чӣ шуд, Ромиз?! – даст бар сари китфи ў гузошта хоҳиш кард, ки натарсад.

пешина
аз 428
навбатӣ