Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ў-ў-ў! Модарам маро аз гирдоб раҳо карду худаш ғарқ шуд!
– Ромиз хомўш монд ва сукути занро дида боз ба гап даромад.
– Ҳа-а, ҳоли ношиновар чунин будааст... Модари худ аз гирдоби бало раҳо карда натавонад. – Ромиз аз нав дароз кашид; гумонаш завҷааш таъбири хоб гўяд, вале Саида хомўш буд: – Ягон чиз гўй охир!! – якбора кафида ва парида хест Ромиз.
— Чӣ гўям?
— Хоби ман чӣ таъбир дорад?,
— Таъбири нек, модаратон дастгирӣ кардаанд...
— Ҳмм... маро куштан осон не... Аз мурдаи ман хок сер нашавад...
— Ромиз!
— Ман бояд, ки Рустами дастон шавам.
— Чаро Ромиз не?
— Актёр тавонад ҳамин қадар шавад: тавонад Рўдакӣ шавад, тавонад Эзоп шавад, тавонад Артур шавад, Отелло шавад, Ромео шавад, тавонад ҳама шавад, ба ғайр аз Ромиз. Зеро Ромиз ҳеҷ гоҳ қаҳрамони асар шуда натавонад, агарчӣ Саида ханҷар зада кушад.
— Чаро ту гумон дорӣ, ки туро Саида бояд кушад?
— Маро кушад, Саида кушад. – Ҳазли халқиро кор фармуд Ромиз.
— Мехоҳӣ, ки Ромиз бошӣ?
— Не. Хоҳам, ки Эзоп бошаму ҳама маро масхара кунанд, ханданд, то донам, ки маро дида натавонанд, дар ҳаққам тўҳматҳо кунанд, маро нобуд сохтан хоҳанд... он гоҳ ман худро хушбахт ҳисобам; донӣ, ки ба чизе арзидаӣ, душмандор шудаӣ... то имрўз касе ёд надорад, ки давлати пурзўру одами машҳур бедушман гузашта бошад. Агар кас ҳамин чизро донад хуб, ў хушбахт, ки дар кадом гўшаи олам касе ҳаст, ки дар қасди ҷони ўст, танҳо барои ҳамин чиз зиндагӣ кардан шоиста аст. Ва боз мард донад, ки дар кадом гўшаи сайёра зане ҳаст, ки ақидаву муроду мақсади ўро фаҳмаду дўст дорад, ба ёди чунин зан низ зиндагӣ кардан зебанда бувад.
— Пас чаро Ромиз натавонад ин корро кунад?
— Кадом корро?
— Ў донад, ки зане ўро дўст дорад... пас чаро Ромиз ба хотири ў аз феъли бад нагардад?
— Аввалан, кадом зан ва чӣ гуна феъл? Сониян, гап дар бораи Эзоп ва қаҳрамонҳо равад, на дар бораи Ромиз.
— Ромиз-Ззоп, Эзоп-Ромиз.
— Ту хобӣ ё бедор?
— Хоб будам, бедор шудам. Акнун аз Ромиз илтимосе дорам.
Агар Ромиз мисли қаҳрамонҳои дўстдоштааш занро ҳурмат кунад, аз роҳи гумҷўӣ баргардад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё