Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Чаро чунин таҳрир кардед?
— Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз!
— На, ман мувофиқ нестам бо ин ақида. Тир як бор меҷаҳад аз камон. Ман аз забони шумо он чизро шунида будам, ки гуфтам.
— Ҳм. Ҳоло мўрча нагазидааст...
— Ҳм. Медонам шуморо чӣ тарсонд.
— Чӣ тарсонд?
— Ҳамон ки ману Ҳамза як шаб дар Ёвон хоб карда, шоираро аз Ҳамроқулову Насриддинов рухсат пурсида, рў ба рў кардан оварда будем.
— На! Ман ҳар коре мекунам, ба эҳтироми устод Турсунзода мекунам. Агар хирадмандиву дурандешийи он кас набуд, мо ба тўҳмат будем капут.
— Шумо бояд аз он шоирайи Мард миннатдор шавед, ки қойил омад фармудайи «дўстон»-ро. Пеш аз ману Ҳамза ҳам рафта будаанд назди шоира, то якпоя истода, сари шуморо бихўрад.
— Ман нагўям ҳам шоира мефаҳмад, эҳтиромаш мекунам ва гуфтаам, ки шоирайи хуб мешавад. Ман ўро фиреб накардаам, зўрӣ накардаам, як майли тарафайн буд, аммо барор нагирифт...
Ишқи аввал ғўрайи сармозада,
Норасида мефитад аз шохсор...
Ман низ шеър мехонам:
Аввали ишқ – лофи мардона,
Охири ишқ – тўҳмати номард.
Аввали ишқ – синайи пуршўр,
Охири ишқ – синайи пурдард.
— Дар ин дунё як дилкашолӣ дорам, ту медонӣ.
— Медонам, – мегўям ва ба сурати дар девор рўйи гилем задайи Бибизаҳро духти Ҳаким менигарам. – Як писар ҳамин қадар хидмат мекунад.
— Хидмати холӣ... Фақат сурўда тавонистам; он чӣ дар дилам буд, ҳамонро гуфтам. Ҳамин қадар ҳам нагўям, чӣ хидмате кардам ба ивази шири сафедаш, подоши заҳматҳояш, кайфари хориҳояш? Вай модари оддӣ не-е-е! Вай модари модарон. Қасам мехўрам, ки шоирийи ман аз модарам аст... Не! Ман хидмат карда натавонистам!
Пас дастони ў ба бозӣ даромаданд. Сухан пайдо намекард, то эҳтиром ё миннатдорӣ ва сипоси фарзандийи хешро ифода кунад.
Дастонаш тоб мехўрданд, хаму рост мешуданд, пас ба сараш мегузашт он ҳаракат ва ба танаш, вале намеёфт он чӣ мехост бигўяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор