Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба пояйи он ҳайкали бузург гулдастайи мувофиқ пайдо кардан кори хурд набуд. Он чӣ дар зиндагийи модар мехост бикунад, натавонист, ҳамон зайл низ гуфта наметавонад, ки аз чӣ иборат буд он хидмат.
— Адо карда, ки натавонистам, гуфта ҳам наметавонам.
— Хубу хушрў гуфтед.
— Он кас маро нигаронанд. – чӣ андешае ба сараш омад, ки гуфт ва афзуд:

Ин харобазамин диёри ман аст,
Марзи хунини ёдгори ман аст.
Чун мазори умедҳом ин ҷост,
Охируламр ҳам мазори ман аст.
Оҳи ман гўрро битарконад,
Оҳи ман оҳи рўзгори ман аст.
Халқи тоҷик гар надорад пос,
Гўри торик посдори ман аст.
Дар канори шумо нагунҷидам,
Хоки аҷдод ҳамканори ман аст.
Модарам рафт, низ биштобам,
Рўҳи танҳош интизори ман аст

Хомўши хомўш мемонам. Андеша мекунам, ки ғами ў кам нест.
Маро низ ғамӣ мегардонад, дили нарми маро гирён мекунад ва пештар ашк рухсори маро мешўяд (чунон ки ҳолиё, гоҳи навиштани ин сатрҳо зери айнак сиришки боқимонда мешорад ва оби танам кам гашта маро ташна медорад. Ин ашки маро ҷуз компутеру чароғи фурўзони шаб касе намебинад. Дарунамро мехўрам, ки ў пешакӣ ҳамаро гуфту мо бехабар мондем.)
— Кам-кам лодагӣ ҳам дорӣ. – ба чӣ андеша чунин шикаст шишайи хомўширо нафаҳмидам.
— Хўш?
— Бисёр ғам мехўрӣ, аз ман ҳам зиёд, аммо гуфта наметавонӣ.
Ман мегўям, диламро холӣ мекунам. Пас ба кӣ лозим чунин ғам хўрдан, ки дилу ҷигарро соф кунад?
— Медонам ва мефаҳмам, аммо замин сахт, осмон баланд.
— Баройи ҳамин май бояд хўрд!
— Дарди кампир – ғўза.
— На! Ту намефаҳмӣ: ғам зудояд. Ҳуш физояд...
— Ақл рабояд...
— Э-э-э, дар ин бораҳо умуман фикр накун. Дар ману ту ақл чӣ кор мекунад. Дандонат чандто?
— Сиву дуто!
— Ана дидӣ, сиву дутойи муқаррарӣ. Дандони ақл нест-ку?

пешина
аз 428
навбатӣ