Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Каромот кардед... Яъне, дандони шумо сиву се ё сиву чаҳорто?
— На. Аз они ман ҳам сиву дуто, лекин ҳамааш дандони ақл.
— Аз ошомиданатон пайдост.
— Э вой-е, аз куҷо донӣ, ки ин чист? Начашида бошӣ...
— Ва намечашам ҳам.
— Баройи ҳамин-дия. Агар нўшӣ, дигар хел мешавӣ. Ба ту як чизи меангехтагӣ намерасад. Яъне, иксири илҳом.
— Рост мегўед. Як илҳомбахш доштем, ки мурд... – гуфтам ва ў ҳайрон сўям нигарист. Афзудам: – Партияйи ҷоноҷон.
— Аҳааа! Зўр буд. Ҳайф шуд. Лекин чизи дигар ҳаст, истифода бояд кард.
— Шумо дидан гиред.
— Як бор хилоф шуд. Қавл додӣ, ки дар панҷоҳсолагиам менўшӣ, вафо накардӣ.
— Паймон шуда буд, ки дар рўзи панҷоҳсолагиатон менўшам.
Аммо шумо он рўз пайдо нашудед. Ё сафари Ҷапон ё сафари Амрико доштед.
— Баъд омадам-ку?
— Баъд омадед, аммо ид гузашта буд.
— Ҷашнҳо барпо шуд-ку?
— Шуд. Пештар ҳам шуда буд. Аз колхози Зардиеви кўлобӣ сар шуд. Баъд ҷумҳурӣ ҷашн гирифт, пасон панҷекатиҳо бедор шуданд... Аммо гап дар ин не...
Рост, мурод дигар бувад: ҳар гоҳ ў сухан пеш меорад, ки умри дароз намебинад. Ё мекушанд ё ҳодисаву воқеае пеш омада нобуд мегардад. Сабаби ваъда карданам ин буд, ки ў ба панҷоҳ расад.
Чандин чунон андеша надошта бошад аз марг.
— Чаро? Чаро? Чаро?
— Чӣ чаро?
— Чаро чунин андеша?
— Медонам. Ман дар коми шер аррайи пушти наҳанг ҳастам...
Пай бурдам, ки масъала ҷиддӣ мешавад, миқроз задам:
— Дар шастсолагиатон нанўшидагӣ ҳар чӣ!
Ў дергоҳ сар боло накард. Гўё рўйи хон нонреза, донайи мавиз, мағзу чағз ва ё дигар чизҳоро мешумурд; ё оби ҷомро қатра мебаровард ё сол мешуморид; ё аз ҳаёту мамот меандешид ва ё чизи дигар, ки танҳо худаш донаду худо.
— ... ва бовар дорӣ, ки ман ба шаст медароям?
Ин ҳарф давоми андешайи ў буд. Ва давоми он чӣ ман мешумурдам ё тахмин мекардам. Забонам лол монд. Дер гуфта натавонистам ҳарфе. Ў сар бардошт. Ба ман нигарист. «Гап зан!»
чунин буд маънийи нигоҳаш. Вале ман гунг будам. Миҷа ба ҳам задам ва сар такон додам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор