Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Дар урфият мегўянд, ки то хонайи нав насозӣ, хонайи кўҳнаро вайрон накун.
— Ҳамин тавр, ако... Лекин ба умеди сохтан вайрон карданд, нашуд. Боқимондаро солҳойи ҷанг «ватандорон» «дар мулки мо бегонагон сохтаанд» гуфта, аз бесоҳибийи мулк соҳиб шуданд, бурданд ҳамаро; сонӣ камондорон дар тасарруфи хеш гирифтанд, оқибат чунон шуд, ки аз дарвозааш даромадан ҳузновар буд.
— Ҳар ҷо, ки расид пойи аспи қатаған...
— Э ако-е... Медонед дар аҳди Турсунзода ба ин ҷо киҳо меомад,
— Наход надонам. Худам ҳам иштирок карда будам дар он базми шеъру сурўд. Ба назарам Лоиқу Ҷўрабек дар ҳамин ҷо ҷўратар шуданд...
— Ҳо, ако, хидмати Турсунзода беминнату бедареғ. Як муҳити адабу ҳунар сохта буданд. Баройи беҳунарон дар ин саро ҷой набуд. Дар ҳамин ҷо бо Сайид Нафисиву Забеҳулло Сафо, бо доктор Хонларӣ ва хонум Отабой, бо бисёр адибони русу хориҷӣ ва ҷумҳуриҳойи бародарӣ шинос шудем. Лоиқ шеърҳойи тозаашро дар ин ҷо мехонд, Ҷўрабек сурўди навашро бо садойи рўди Варзоб ҷўр мекард. Устод Турсунзода дўст медоштанд, ки ману Калон Атоевич ош пазем. Боре хонум Отабойи эронӣ гоҳи хайру хуш садо дардод: «Сорбон куҷост, то худоҳофизӣ кунем?» Садойи устод Турсунзода омад: «Ў маҷнун аст, ҳар куҷо мегардад!» Устод Боқӣ Раҳимзода хушгўйӣ мекарданд. Чун базм метафсид, арғушти устодонро медидед. Турсунзода табассумкунон чун оби рўд равон мерақсиданд, Раҳимзодайи бузургустухон уқобвор бол мекушоданду як ҷо ором истода ва якбора пойи рост пеш меандохтанд; ҳайкалосо истода фурсате баъд пойи дигар пеш мебурданду бадан меларзониданд; хуш буду завқовар. Баъд сўйи Гулрухсор ишора мекарданд, ки ба Мирзоҷон наздик равад, то рухсорашро навозиш кунанд. Миршакари гаронвазн шиштану мушоҳида кардан ва ягонягон хушгўйиҳо доштанд. «Агар дар қиссаҳойи Сорбон калимайи колхоз набошад, намефаҳмӣ, ки воқеа дар кадом мамлакат мегузарад.» Ҷалол Икромӣ як дастгоҳи хурди наворбардорӣ доштанд, ки (дар он замон дигар кас надошт) лаҳзаҳойи писандро ба навор гирифта ва аз давра бурун рафта, моҳиҳойи ҳавз, харсанги канори ҳавз ва оби аз зери шахҳо баромада, маскуни роҳгузари болойи саробўстон ва рўди шўхро аксбардорӣ мекарданд.
Чун базми сурўд танаффус мекард: Боймуҳаммад, Одина Ҳошим ё Ҷўрабек дам мегирифтанд, ё Лоиқ шеър мехонд ё Маҳмудҷон.
Фазлиддин баъзан мепатофтанд (талаффузи он кас). Қутбӣ нос мекашид. Мастон «Доман ба чароғи маҳу ахтар задайӣ боз...»
мехонд. Ҳабибулло дар пўсташ намегунҷид ва ҳар чӣ мехост, мегуфт. Ва гоҳе садойи баланди Аҳмад Бобоқулов аз дили кўҳ акс медод. Овози Барнову Нериё аз қаъри рўд нарму рўҳафзо меомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор