Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳўҳ... – заҳрханда кард ў ва оҳиста бархеста гуфт: – Ҳамааш дуруст, Эзоп, аммо одам бояд худро эҳтиёт кунад...
— Чӣ хел? – баробари вай хеста пурсид Ромиз.
— Ман беҳуда ба гапу калочаҳо, – аз китфи Ромиз пахш кард, ки фурў шинад. – Беҳуда ба ҳар гапу калоча эътибор дода, худро зиқ карда, то ба хорию зорӣ овардам ва ба мардум ганда шудам, баъд фаҳмидам, ки ҳама чиз беҳуда будааст...
— Акаи Ғиёс, ман минбаъд ба мардум масалҳои Эзопро гуфтанӣ нестам, мехоҳам ягон чизи дигар гўям. Нав бошад, лоиқи замон бошад... Ақаллан афсонаҳо аз оянда...
— Афсонаҳоятро мон, Ромиз, ба гапи ҳар кас надаро... ба партия дохил шав, гапатро дар мавридаш гўй, – гуфт Ғиёс ва ёдаш омад, ки соли 1944 билети партиявиро бо чӣ баҳо гирифта буд: он баҳои ҷон ҳам буд, баҳои хун ҳам; чӣ азиз, қимат ва бошараф буд ва то охири ҷанг онро чун ҳимоят мекард ва ҳоло онро нурнома, раҳнома ва шаҳодатномаи худ донад.
Ромиз маънидорона ба Ғиёс нигарист, на «хайр» гуфта тавонист ва на сухани ўро давом дода.
— Ё маъқул не?
— Маъқул, ака. Ҳазор ташаккур... Ман ба сўҳбат меоям...
Акаи Ғиёс рафт. Ордену медалҳои ў пеши чашмони Ромиз ҷило доданд. Хеле хаёл кард, ки ин рангҳоро чун ба тамошобин расонидан мумкин бошад, ақлаш намерасид, майна об кард, ки муаммои ин чизро ёбад. Роҳи ба мардум фаҳмондани матлабро меҷуст. Сарашро молида ва манаҳашро соида ба муҳокимаю муколамаи ботинии худ гирифтор шуд: «Магар ин нишонҳо танҳо барои тамошо ҳастанд? Барои ибрат... барои ибрати ҷавонон. Мо бояд ба онҳо нишон диҳем, ки наслҳои куҳансоли мо чӣ корҳо карданд... Онҳо ин нишонаҳоро барои чӣ гирифтаанд? Инро бояд ҳама – ҳурду калон донанд. Филми «Озодшавӣ» чашми ҳамаро кушод... ё ту ин чизҳоро намефаҳмӣ, Ромиз? Не-е, нафаҳмӣ, ин қадар фикр накунӣ, ин қадар ғами акаи Ғиёсро нахўр. Айби худаш:
гарданшах. Боз маро насиҳат мекунад. Маълум ки насиҳат кардан кори осон аст. Раги шахи гарданаш ўро аз бисёр чизҳо маҳрум кардааст... Ҳамин хел, мулло Ромиз... Ҳатто аз гарданшахиаш ба ягон ҷо арз намекунад, ки дар он солҳои пурошўб мо ҳам будем ва ҳоло ҳам ҳастем... Қариб аст, ки аз ёдҳо барояд. Ғиёс барои корҳои майда ба дунё наомадааст, аз рўи гуфти худаш, барои ҳимояи Ватан офарида шуда буд, ки чунин хизматро адо кард.
Ва ҳатто ин хизматро дар саҳна ҳам аз ҳар гуна артисти боҳунар хубтар адо кунад. Ҳа-а, ғам нахўр, акаи Ғиёс, вақте ки ба нафақа гусел мекунанд, пурсанд, ки чӣ нишонҳои арзанда дорӣ. Ғам нахўр, ҳоло чунин мавридҳо шавад: бо пионерон вохўрӣ, саргузашт ҳикояткунӣ, сонӣ, ягон каси хунгарм пайдо шуда, ба наздат тохта ояд, ки як бори дигар ҳикоят бикун, то навишта гирам... Ҳов, акаи Ғиёс, давида ояд.

пешина
аз 428
навбатӣ