Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Албатта зарар надорад, додарам, аммо дар зиндагии мо рафторҳои ношоиста зиёданд, ба ин ҷамъият гунаҳгор нест, ба ин сардор гунаҳгор нест, балки худи одамон гунаҳгоранд; онҳое, ки иҷрои кор дар дасти онҳост... Ман аз касе ва аз ҳеҷ чиз шикоят надорам. Аммо мехоҳам, ки дар телевизион саргузашти худамро не, баъзе корҳое, ки имрўз дар рўзгори мо рух мезанад, гўям... Масалан, чанд рўз пеш ман ба анбори ангишт рафта будам. Ангишт кам буд, хокаҳо тўб-тўб хобида буданд, борон хокаҳоро шуста лойқа гардонда буд, аз дарвозаи анбор берун ягон ду километр роҳ ҳамин зайл мерафт, ягон мошин гузарад, даҳ метр дур рафтан лозим меомад. Бале даруни сарой чӣ аҳвол буд, гўй. Гуфтам-ку, ангишт кам буд, аммо одам бисёр. Як ҷавони хароби фурўчашм ва парзадарў, ки дар пой мўзаи кирз дошт, либосҳояш яғир баста, тоқиаш гўшагираки дегро мемонд ва ришаш мисли риши чўпонони чўл расида буд. Мошини ангиштро бармекашид, аммо аз каллаи саҳар то нисфи рўз ягон мошин намебаромад. Агар тарозудор ба ягон гўшаи сарой мерафт, он ҷо дусад нафар бошанд, аз паи вай мешуданд ва агар баргардад, ҳама баробар бармегаштанд; чунон меомаданд, ки ў серка бошаду халқ – рама. Як марди солхўрдаи чигасдор ҳам, ки соқи пои росташ набуд, ба як пою ду асобағал ҷаҳида ҷаҳида аз дунболи онҳо мерафт. Бо азоб ва алами зиёд мерафт, ба назар, он ҷо будагон азобу алами ўро фаҳмида ва ё эҳсос накарданд. Ман пай бурдам ва тасаввур кардам, ки ў чӣ саргузаштҳову майдони оташини ҷангро пеши назар оварда, ба ин касон бонафрат нигоҳ мекунад. Ман ғазаби ўро аз қиёфааш пай бурдам: дам мекард ва сурх шуда мерафт. Ў асобағали дасти рост ба чигаси бағали чап так-так зада, даму ғазабро фурў менишонд.
Чандин бор ин зарбаю садоро такрор кард, магар касе эътибор надод, ки оқибат чигасро монанди милтиқи найзадор боло бардошта фарёд зад: «Ин чӣ гап?!», аммо касе садои ўро нашунид, ки бечора ордену медалҳои сари синаашро аз зери ҷома берун оварда фарёд зад: «Ин чӣ беҳурматӣ!!!» Ва ҷавоне, ки паҳлўи ўро мегузашт, фаҳмида ва ё нафаҳмида гуфт:
— Амакӣ, худро азоб надеҳ, ҳамааш дуруст мешавад, ангишт мегирӣ!
— А?.. – мардак ҳайратзада бозмонд ва дурусттар зеҳн монд, ки ин ҷавони носеҳ кӣ бошад...
— Ангишт сиёҳ, оташаш нағз...
— Аз оташи ҷангу оташи ғазаб хубтар...
— Ҳов, акаи Ғиёс, оташи ангишт касро гарм кунад... Ин ордену медалҳои зебои шуморо соати чанд тамошо кунем...
— Ҳоло маълум не, ба пешвози сисолагии рўзи Ғалаба, гуфтанд.
— Боз мегўед, ки ман одами нодаркор, бинед чӣ хел лозим мешавед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё