Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Дандони як коргари мо дард мекард, канда партофт, нағз шуд, – табассум карда гуфт ў.
— Роҳи беҳтарин... – бодиқаттар ба Хуршед нигариста ҷавоб дод Ромиз, Хуршед хандид.
Хуршед ҷавони тануманд. Андаке аз Ромиз пастқомат, вале пурраи фарбеҳ. Овозаш марғўладор, суханаш бурро, ифодааш равшан, монанди баъзе актёрон дар таги биниаш гап назанад. Муҳим он, ки фаҳмаш расо, машқаш ҳам. Фақат маълумоташ паст. Аммо истеъдоди модаровард дорад: кадом нақшеро, ки бозӣ кунад, зинда ва боварбахш мебарояд. Гўё актёр не, худи ҳамон одам дар саҳна бошад, барои ҳамин ўро дар кино бештар талабгоранд. Хуршед ниҳоят чеҳракушод, дасткушод, ҷавонмард, дарёдил ва муҳимаш бекина. Ў мисли Ромиз хаёлпарвар ие, хеле гўё ва хандон: дар назди мардум, аммо дар танҳоиҳо худаш донад. Аз назари баъзе касон айбаш ҳамин, ки ҷинси занро дўст дорад. Хунаш тез. Ҳамин ки баҳорон шуд, остини куртаашро то бозувони пурра бар зада, паҳлавонона гардад ва Ромеоро ташвиқ кунад, ки бештар лаби дарё раванд, зеро «сабзаю рўи хушу оби равон аввалин гарави умрдарозист». Аммо Ромиз фикри ўро рад кунад: «Умри чун рўдаи мурғ дароз ба кӣ лозим, умр кўтоҳ бошаду босамар бошад, бобарор бошад». Чун Хуршед гапашро такрор карда, чизи хуб будани умри дарозро исбот карданӣ шавад ва мисолҳо орад, ки дар умри кўтоҳаш киҳоро дидаасту ҷиҳоро шунидааст ва агар умраш дароз шавад, аз ин хел касону чизон чӣ қадарҳо шаванд, Ромиз пешонии лайси ўро сила карда, гўё ба гапаш розигӣ дода бошад, Хуршед шўхиомез «Ҳў-ў-ў ба синну соли ман расӣ, ҳолат чӣ мешуда бошад?» гўён хандад; чун шўхиаш гирад, аз Ромиз хурд бошад ҳам, худро калон гирифта, аз номи мўйсафедон, ки баъзан ба кўдакон гўянд, гап бофад: «Солҳое ки мо ба театр меомадем, Ромиз домон гирди миён зада мегашт». Ромиз ба маънии суханҳои ў сарфаҳм рафта «Рост, ин кас, аз дастамон дошта, моро ба лаби ҷўй бурда дасту рўямонро мешустанд» гуфта, гапи ўро ба тавраш тасдиқ мекард ва як рўз-ду рўз аз байн гузараду ўро набинад, пазмон шуда, хумори суханонаш мегирифт, ҳоло на. Чанд рўзест, ки ўро надидааст, парвое надорад. Магар Хуршед ин чизро пай бурда, ки якбора ба гап даромад: «Оҳ... як рафиқи хуб доштан чӣ бахти бузургест!» Ва Ромиз гўӣ ба чӣ равона будани ин гапро дарёфта ба ҳамон оҳанг ҷавоб гардонид: «Бале, рафиқи ҷонӣ доштан бахти бузург аст!»
Ромиз нақшҳои фоҷиавиро хуб бозӣ кунад, Хуршед ролҳои қаҳрамонӣ ва мазҳакавиро ва боз касе будан хоҳад, ки дар ҳолатҳои танг забардастӣ кунад; каси ношоиста ва нопокро маҷақ карда, саҳнаро ларзонда, шахси мунофиқро аз саҳна назди мардуми ба ғазаб омада ва нафраташон бологашта андозад, то худашон илоҷ ёбанд. Ў сардори гўлро дар мизи кориаш пахш карда, дамашро фурў нишонда ва ё марди номардро аз девор гирифта ба девор зада, сонӣ дар саҳна китфу бозу боло карда ба тамошобинон рўй оварда, хандад.

пешина
аз 428
навбатӣ