Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ромиз хоҳад, ки гапро фошофош ба рўи кас нагўяд, балки дар дил нигаҳ дорад ва шавад, ки ҳамон одам аз рафтору ваҷоҳати ў фаросот карда фаҳмад. Аммо Хуршед ин хел не. Гапро рўирост гуфта, ҳамон касро шармандаву расво карданро дўст дорад ва ҳар гоҳ «дўст занад табарвор...» гўяд. Ромиз пичингу кинояҳое дорад, ки аз ҷавшани ҷони кас гузарад, вале сухани сахти Хуршед теғосо бибуррад... Феълу атвори ба ҳам зид, аммо ҷўрагиашон мос. Гўё обу оташ бо ҳам созанд. Онҳо аз он ба ҳам омадаанд, ки санъатварони бузург ҳастанд ва ҳунару адабиётро хуб фаҳмида, барои санъати олӣ ҷон коҳонанд. Зидди он, ки баъзеҳо «мо тарафдори санъати миёна» гўянд: гапи бемаънӣ. Ҳарду ҳам чаҳор кас медидагӣ. Рафту ҳарду дар як намоиш бозӣ кунанд ва Ромиз ҳамчун гунаҳгор ба дасти Хуршед афтад, тамошо тамошо шавад...
Дар чунин саҳнаҳо тамошобин қудрату маҳорати Хуршедро дида буд... Вале ҳоло?
Ҳоло дигар: ин ҷо саҳнаи театр нест. Саҳнаи зиндагӣ. Чун ду хурўсчўҷа нўл ба нўл шудӣ, тамошобин резад ба намоиши бепул...
Хуршед авзои Ромизро дида, чӣ гуфтанро надонад. Аз худкашии Ромиз бигуморад, ки хафа.
— А? – гўӣ ба худ омада рўй овард Ромиз.
— Дарди сарат монд? – гўё ўро дарёфта, забон кушод Хуршед.
— Хайрият, ки дарди сар ҳаст, вагарна кас сар доштанро фаромўш кунад.
— Куҷо равона будӣ, Ромиз?
— Туро хабар гирифтанӣ будам.
Хуршед сухани ўро киноя дониста лаб газид.
Ромиз гап назада истод. Хаёл дошт Хуршед ўро ба лаби рўд даъват мекунад:
Лаби рўд, махсусан канори наҳри ГЭС бўстонсаро, чаҳорбоғ ва истироҳатгоҳи онҳост. Ин рўд баҳорон сергил, тобистон серрег ва тирамоҳ шаффоф шавад; зимистон камоб ва рангаш сиёҳтоб гардад; вақте ки ҳама ҷоро барф фаро гирифт, рўдоба чун роҳи мурод тобад, тамошогарро хуш ояд ва гоҳи аз рўи пул гузаштан насими серун, ҳавои хушу форам ва ҳаловате дорад. Дар тафсои тамуз оби шишаранги соф ва яхосо хунуки наҳр роҳати ҷон аст.
Чунон хунук, ки дақиқае андарунаш тоқат наёрӣ. Чун кас аз об буромада, тани худ ба офтоб тоб диҳад, дар баданаш мўр давад ва дар устухони пои дардманд неши борики тиллосўзан халида дарди форам ва гуворое пайдо шавад. Гумон кунӣ, ки зарраҳои хуршед ба дарди пой даво гардад. Агар ҳамон кас ту бошӣ, биангорӣ, ки рўд ва баччаи канори он – наҳри ГЭС набошад, ин шаҳри зебо дам карда кафад ва насими рўд набошад, мумфаршҳо об шуда, ба ин рўд ҳамроҳ гарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё