Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо вуҷуди тафсои тамуз будан шаби серун дорад ин шаҳр. Хиттаи канори чапи рўд, ки дар тўли чиҳил сол сохта шудааст, аз рўи об понздаҳ-бист метр баланд аст. Бо вуҷуди он серуну бодгузар, вале канори чап пасту гарм. Аз ин рў мардуми шаҳр чун чўҷаҳои инкубатор луб-луч аз пойгаҳ то саргаҳи ин рўд ба истироҳату оббозӣ бароянд, нафаси тоза гиранд. Аммо ҷои Ромизу Хуршед – лаби наҳр. Оббозӣ кунанд, офтоб мўранд, радду бадали афкор кунанд. Ҳар он чӣ Хуршеди шўх дар дигар ҷойҳо гуфта натавонад, дар ин ҷо гўяд; зеро гапҳое ҳаст, ки миёни чаҳор кас гуфтан аз рўи одоб набувад. Хоса латифаҳо ва боз баъзе фикрҳое ки дар бораи театру драматургҳои ношуд равад ва боз чӣ кор кардан шоиста аст, ки кори театр беҳтар шавад, бештар сухан аз ин хусус...
— Рост, ки бо Соҳиб ошноӣ пайдо кардаӣ? – ҷилави суханро ба дигар тараф тофт Хуршед.
— Ҳов... дар беамакӣ харро амак гуфтаанд...
Хуршед худро якбора ба оби наҳр андохт.
Ромиз панҷа соиду фишурд.
Хуршед чун делфини ҷавон аз об баромад. Оби рўяшро бо каф виреч карда, боз даруни об шуд ва зери пояш чизе гузоштагӣ барин миёнаи об рост истод ва баъд хандида ба соҳил баромад.
Назди Ромиз омада, гўё ки мунтазири ҷавоби сухан бошад, чашм ба чашми ў дўхт.
— То ману ту Соҳиб шудан шояд Душанбе Маскав гардад,
– чун аспи маст ёл афшонда афшонда гуфт Хуршед.
— Агар чунин, ҳеҷ гоҳ ману ту Соҳиб нашавем...

7

«Сиёҳчашмак», «Фаришта», «Ҷони ман», «Нефертитӣ», «Худои ман» хитобаҳое, ки бояд Ромиз ҳангоми назди Ҷаҳоноро будан муроҷиат бикунад. Ромиз ҳоло чунин ҳарфҳои сарахбориро пайдо кардааст, вале надонад, ки кадоме аз инҳоро писандад, то ўро хуш ояд. Ромиз дергоҳ аз бистар нахеста дар ин хусус фикр кард.
Гўё ин дар рўзгору зиндагии ў дар мадди аввал қарор дорад. Чун бархеста дасту рўй шуста бурун омад, фаҳмид, ки дар зиндагиаш масъалаи асосӣ он набудааст.
— Фаҳмидам, ки шуморо аз театр рондаанд. Ин хел бошад, дар ин солҳои наздик ба шумо хона намедиҳанд, – ўро парешон кард соҳибхона.
— Кӣ гуфт, Хола-мулло? Ин гапи нодуруст...
— Не, фаҳмидам... Ҷиянам аз аскарӣ хат кардааст, ки назди шумо меравам. Ба вай ҳам хона лозим...

пешина
аз 428
навбатӣ