Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Чӣ мушкилоте пеш омада, ки худ нафаҳмам. Ақаллан дар хобат бубинӣ ҳам, бифаҳм, ки ту маро ҷаҳонӣ, онро танҳо ту оро хоҳӣ дод, Ҷаҳоноро. На! Сар аз сари синаам набардор, безобита нашав, барои ин касе туро озор надиҳад, наранҷонад; фаҳмидани таги дили инсон бузургтарин илмест. Барои ба илм расидан одамон солҳо аз баҳри хонаю диёр баромада мусофират кунанд, вале ту тавонӣ аз сари синаи ман ин илмро дарёбӣ. Чун ба ин муяссар шудӣ, ҳам барои худ ва ҳам барои ман мушкилоти аввалро ҳал хоҳӣ кард. Ту гумон накун, ки ман ба ту ҳарф гуфта бошам, на. Зарби дилам ба ту сухан гўяд, ҳамаашро худат фаҳмӣ...
Агар ҳамон лаҳза фаро расад, ман хомўши хомўш хоҳам буд, зарабони дилам он қадар сухан гўяд, ки дар ягон навиштаи рўи олам набошад. Он чиро гўяд, ки касе барои маҳбубтарин касаш нагуфта бошад, дилам ҳамин хел гувоҳӣ диҳад; гумонам, ки дар олам чизҳои ногуфта ва гапҳои ношунида бисёранд ва фақат барои ту гуфтан мумкин ва арзанда. Хоҳам, ки ту он ҳамаро шунавӣ ва дар мағзи сарат ҷой дода як умр такрор бикунӣ... Фақат он гоҳ, баъди садҳо бор шунидан, мисли рубоиҳои Хайёми бузург ва монанди ғазалҳои Ҳофизи малакутӣ ҳифз шуд, хоҳӣ фаҳмид, ки ин дили кўчак чӣ хоҳад. Дунёи шўҳрат ва дидори туро? Эзопу Артур будан хоҳад ва ё Рўдакии нобино? Агар инро дарк карда тавонӣ...
Вагарна дили ман тапидан гирад ва ман онро шабеҳи сайде донам, ки сайёде бо корди кунд сари онро нимбур карда нимбисмил ба хок афкандасташ... Чун сайди ноҳақхўрдатеғе...
Гумон макун, ки ман ақлбохтаам, таъна мазан, ки «Саида аз ту фарзанд интизор». Ҳамаашро донам...
Фақат як бадӣ, ки роҳгузарон ба ман нигаранд ва бо ишораи ангушт ба ҳамдигар намуда, гузаранд, надонам барои чӣ? Шояд гўянд, ки «Ўро, он беҳунарро аз театр рондаанд: барои густохиаш, барои виқораш (ҳол он ки ин чиз дар ман нест), барои виқори пуч ва беасосаш... Ва боз барои театрро «чаппа» карданӣ шуданаш.
Сад афсўс, ки инаш гапи ман нест, инаш бофта ва аз гап наёфтан.
Ту донӣ, ки барои Эзопро гунаҳгор кардан, зангўлаи калисои муқаддасро ба хўрҷини ў андохта, дузд хондандаш ва ғуломи озодгашта боз ғуломи бандагон шуд...»
... «Сиёҳчашмаки ман! Рафту ягон бор ҳамдидор шавем ва дар дилат ҳаваси донистан пайдо гардад, худат фаҳмӣ, мўйро аз хамир вақте ҷудо кунанд, ки бинанд... Ба ин кор на ҳар кас фаросот дорад... То алвақт гумонам буд, ки чунин корҳо танҳо дар театр аст, зеро макони артистон аст ва онҳо бо ҳар ранг бозӣ карда тавонанд; ҷои ҳунар, ҷои худнамоӣ ва худситоӣ ва боз ҷои шўҳрат. Дар ҷое, ки барои шўҳрат ва пул мубориза равад, ҳама гуна ҳила, найранг, шўъбадабозӣ ва бозиҳои дигарро чашм доштан табиист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё