Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин гумони ман буд, вале ба наздикӣ бо як донишманди институти кимиё ҳамсўҳбат шудам... Маълум шуд, ки дар ҳама ҷо чунин ҳолат будааст; ё Қорун шуданианд, ё аз тилло гаштан пушаймон... Боз маро он шаб масхараю мазоқ карданд, ки ту андаруни гўр ҳам мубориза ҳаст, гўӣ. Гуфтем, гунаҳгор шудем?
Хайр... Воқеан, ту ин гапро надонӣ. Лекин фаҳмӣ... Шояд ту аз ин гапҳо зиёдтарашро донӣ, ҳар қадар бо мардумон зиёдтар вохўрӣ, ҳамон қадар гапҳои кўҳнаву нав, дурусту нодуруст, лофу газоф ва пучу бемағз шунавӣ... бовар бикунӣ, бовар накунӣ. Баъзан чунон гапҳое, ки на актёр донаду на нависанда. Гапҳое, воқеаҳое, ки ҳатто дар хаёлат наояд, фикр кунӣ ҳам, бофтаю сохта натавонӣ.
Агар ту саргузашти марди рубобсозро мешунидӣ... оҳҳо-о...»

8

Баъди як рўз, яъне пасфардо соати ҳашту бист дақиқаи бегоҳ Ромиз ба воситаи телевизиони тоҷик ордену медалҳои актёр Ғиёсро хоҳад дид; инчунин каллаи вазнини ўро, ки чӣ зайл ҷунбонида, як бор ба пеш майл карда – гўё хестанӣ шуда, боз шинад ва буғзи гулў бароварда, ба сухан оғозад. Чӣ гўяд ў? Ба Ромиз равшан нест.
Агар ҷангномаву набардҳо? Ромиз донад. Агар барои баччаҳо?
Афсонанамо гўяд. Калонсолонро нақш бозад. Марди фозил Ғиёс.
Барои ҳамин Ромиз ўро аз дигар актёрон бештар эҳтиром дорад.
Ромиз ҳамаро эҳтиром кунад, вале кас кори худро надониставу нашинохта, каси дигарро маслиҳат диҳаду панд гўяд; ё ба кофтани таги пои дўст, ҳамкор ё дигаре машғул шавад, ўро қадди аҷал бад бинад. Аз ин рў Ғиёс барои ў як фарди рисолавист. Хуршед ҳам дар назари Ромиз чунин; ба касе бад кардан нахоҳад; аз дасташ ояд, мадад бикунад ва афсона гуфта, ҳақиқати зиндагиро такрор кунад: «Аз мард монад лою гил, аз номард монад дарди дил» ва сонӣ шарҳ диҳад, ки масал ё зарбулмасал чӣ маънӣ дорад: «Лою гил карда, иморат, ки сохта натавонем, ақаллан бо коре ба мардум ёрӣ дода тавонем». Ягон кор: аз аҳволи ҳамдигар бохабар, якдигарро меҳрубону мадори дил бошем. Ромиз аз фикру хаёл ҷудоӣ надорад; ҳоло биандешад ва афсўс хўрад, ки чаро бо Ғиёс кам сўҳбат кард. Дар дилаш ҳасрат барин, ҳеҷ гоҳ ин хел нашуда буд. Ё барои бекор, беандармон гаштан чунин тобад; ба кас, ба сўҳбати одам пазмон шуда; дилаш сахт хоҳад, ки сарнавишту қиссаҳои Ғиёсро дониста бошад, то рўзе барои ў сухан гуфтан лозим шавад, гўяд, хушрўй ва артистона гўяд. Ў донад, ки чунин касон ками дар кам мондаанд; дар ҳама ҷо, дар гўшаю канори мамлакат ба чунин касон эҳтироми хоса бувад.
Беруни дарвоза садои баланди бозистодани мошине баромад ва фурсате нагузашта дарвоза кушода шуд, чунон тез, ки гўё аз шасти бозистодани мошин кушода шуда бошад.

пешина
аз 428
навбатӣ